​Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар рушди иқтисоди миллӣ

Бо ташаббуси кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги факултети иқтисодӣ бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳҳои №1, №2, №3 ва №9 таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоӣ” бо иштироки устодону донишҷӯён чорабинӣ баргузор гардид.

Нахуст, мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг дотсент Манзура Сатторова ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки имсол мардуми сарбаланди тоҷик 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии тақдирсозро дар фазои сулҳу осоиштагӣ таҷлил менамояд. Таъкид гардид, ки тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва ҳамаи ин маҳсули сиёсати дурнигарону маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас, видеонаворҳо ва муаррифиномаҳо роҷеъ ба мавзуи баррасишаванда намоиш дода шуд.

Дар идомаи чорабинӣ устодону донишҷӯён маърӯза намуда, дар баромадҳояшон доир ба аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар карданд. Гуфта шуд, ки маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ