Кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
-
- +992927802301
- Телефон
-
- ДДХ
Кафедраи зоология ҳамсоли факултет ва Донишгоҳ буда, бо ифтихор 85-солагиашро қайд мекунад. Кафедраи зоология аз ҷумлаи кафедраҳои нахустини Донишгоҳ маҳсуб ёфта, дар ибтидо он ба ҳайати кафедраи химияю биология (мудир профессор А.А.Диброва) ва аз соли таҳсили 1933-34 ба кафедраи биология (мудир профессор Б.М. Комаров) шомил буд. Дар соли хониши 1937-38 кафедраи биология ба 2 кафедраи мустақил-зоология (мудир М.Ф. Коновалова) ва дарвинизм (мудир профессор А.В. Бурсев, сипас профессор В.С. Шердаков) қисмат мешавад. Аввалин шуда, Донишгоҳро соли 1936 16 нафар хатм карданд, ки 11нафари онҳо табиатшиносон буданд. Аз байни онҳо М. Иброҳимов ва З. Осимов дар Донишгоҳ ба кор монданд. Аз ҳисоботи директори Донишкада Виноградов бармеояд, ки солҳои хониши 1935-1936 дар кафедраҳои факултет омӯзгорон намерасиданд. Дар факултети биология барои таълим додани фанҳои химия, физиологияи растанӣ, зоология ва физиологияи ҳайвонот профессорон ва дотсентон намерасиданд.
Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пешравии кори таълиму тарбия, корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон халал мерасонид. Бинобар ин, кафедраҳои ботаника, зоология, дарвинизм ва биология муттаҳид карда шуда, номи “Табиатшиносї”-ро гирифт, ки мудири он Б.М.Комаров буд. Ҳатто фанҳои ҷуғрофия ва геология низ ба кафедраи табиатшиносӣ ҳамроҳ карда шуданд. Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз байни 17 нафар омӯзгори Донишкада аввалин шуда, омӯзгори кафедраи ботаника Қ. Назаров ба ҷанг рафтанд. Дере нагузашта омӯзгорон А.С.Отаев, З. Осимов, А.Ҳамидов, А.Сулаймонов, М.Ализода низ ба фронт рафтанд. Сипас донишҷӯёни курсҳои мухталиф К. Алексей, Р.Муродов, Исмоилов, Б.Худойбердиев, А.Ҷумаев, С.Мадаминов, Д.Пӯлотов, В.Шувелов, Н.Шерғозиев, А.Маҷидов ба ҷанг рафтанд. Соли 1942 як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои олии Украина аз шаҳрҳои Мелитопол ва Запорожйе дар қатори муҳоҷирони иҷборӣ ба шаҳри Ленинобод меоянд. Қисме аз онҳо аз фанҳои геология, дарвинизм, ҷуғрофия лексия мехонданд. Шумораи донишҷӯёни факултет дар соли хониши 1941 ҳамагӣ 35 нафар буд.
Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ кафедраи табиатшиносӣ ба ду кафедра: ботаника ва зоология ҷудо мешавад. Соли 1947 ба вазифаи мудири кафедраи зоология хатмкунандаи Донишкада, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ С.Ю.Мадаминов таъин карда мешавад. Соли 1941 кафедраи дарвинизм бо кафедраи зоология муттаҳид мегардад. Кафедраи зоологияро солҳои қабл М.Ф. Коновалова, С.Мадаминов, номзадҳои илм И.М.Уткина, В.М.Веретеникова, Ю.Р.Дониёров сарварӣ кардаанд. Доктори илмҳои биологӣ, профессор Хабилов Т.Қ. (1984-1986), дотсент Дониёров Ю.Р. (1987-1993), дотсент М.Муҳаммадқулов (1990-2007), дотсент З.Қ.Домуллоева (2007-2011), профессор Каримов С.Б. (2012-2014), Мирзобаҳодурова Ш.Р. (2014-2016) мудирии кафедраро бар дўш доштанд. Дар айни њол н.и.б. дотсент Домуллоева З.Қ. вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда доранд ( аз соли 2016). Дар ибтидо таълими фанҳои зоологиро дар қатори олимони номбурда омӯзгорони ҷавон М.А.Носиров, М.И.Константинова, В.Ш.Шамсиев, В.Я.Танатин, А.Я.Қобилов бар ӯҳда доштанд, ки аксарияташон шогирдони А.Н.Данский буданд. Бо тақозои замон соли 1968 аз кафедраи зоология кафедраи анатомия, физиология ва гигиенаи мактабӣ ҷудо шуд, ки онро солҳои тӯлонӣ дотсентон М.К.Маллахӯҷаев., Ғ.М.Муҳаммедов ва А.Б.Муҳиддинов сарварӣ карданд.
Дар кафедраи номбурда сармуаллимон С.Олимов, Э.Р.Раҳматов, С.Раҳматова, Э.И.Ефремова, С.И.Архипова, Т.А.Аҳмадов, А.А.Абдуқаҳҳоров, Ш.Э.Шарифова, З.Қ.Дадобоева, Ф.Ғ.Ғаниев адои вазифа намуданд. Соли 1996 он бо кафедраи зоология аз нав муттаҳид карда шуд. Дар рушду нумӯи корҳои таълимию илмӣ ва тарбиявӣ саҳми аъзоёни кафедра- мутахассисони соҳибмаълумоти биология, шодравон С.Мадаминов, Ш.В.Шамсиев, А.Эшбоев, У.Д.Ҷалилов, М.Добросмыслов, Р.А.Мирзобаҳодуров, Р.Ю.Дониёров, И.Ф.Иброҳимов, Э.И.Ефреемова, С.Раҳматова, Н.Г.Гаврилова ва О.Ҳ.Ҳомидов калон аст. Алҳол дар кафедра доктори илмҳои биологӣ, профессор Т.Қ.Хабилов, номзадҳои илмҳои биологӣ, дотсентон М.Муҳаммадқулов, Раҷабова З., Домуллоева З.Қ., Мирзобаҳодурова Ш.Р., сармуаллимон А.Абдуқаҳњоров, З.Қ.Дадобоева, Болтабоева М.Р. ва Шарипов Р. фаъолият доранд. Саривақт таъмин намудани машғулиятҳои лабораторӣ бо аёниятҳои таълимӣ фаъолияти кормандони кафедра Темирова З., Ҳоҷибоева Н., Шарипова Г. ва Мирзоев Х. назаррас аст.
Аъзоёни кафедра имконоти мавҷудаи пойгоҳи моддию таълимии кафедраро ҳамаҷониба истифода бурда, фаъолияти омӯзгориро бо тадқиқотҳои илмӣ дар самтҳои зерин моҳирона пайваста истодаанд: терриология, паразитология, батрахология, орнитология ва энтомология. Онҳо таҳти роҳбарии профессор Т.Қ. Хабилов тибқи барномаи дурнамо перомуни “Гуногуннамудии олами ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ ва водии Зарафшон” барои солҳои 2016-2020 корҳои илмӣ- тадқиқотиро идома дода истодаанд. Олимони кафедра масъалаҳои гуногуни биологиро омӯхта, то ба дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ ва доктори илмҳои биологӣ расидаанд
Соли 1998 бо ташаббуси кафедра нахустин конфронси байналхалқии экологҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Гуногуншаклии ҳаёт” баргузор гардид. Натиҷаҳои пажўҳишоти илмии аъзоёни кафедра дар рисолаву асарҳои илмии Т.Қ.Хабилов “Фаунаи ҶШС Тоҷикистон” (ҷилди ХХ) “Дастболон” (Д., 1992), Ю.Р.Дониёров “Гамбускҳои хокии заминҳои бекорхобидаи лалмӣ ва заминҳои нав азхудшудаи Тоҷикистони Шимолӣ” (Д., 1982), М.Муҳаммадқулов “Фаунаи эктопаразитҳои паррандагони Тоҷикистон” (Х.,1998), З.Раҷабова “Фаунаи парвонаҳои Тољикистони Шимолӣ” (Х.,1999) акс ёфтаанд. Омӯзгорони кафедра ҳамчунин чандин дастури методиро ба забонҳои тоҷикӣ ба табъ расонидаанд. Осорхонаи зоологӣ ҳамсоли кафедра ба шумор рафта, дар бунёди он мутахассисон М.Ф.Коновалова ва С.Ю.Мадаминов саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳоло аз гурӯҳҳои асосии олами ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ, ҳамчунин қитъаҳои Амрико, Австралия ва уқёнусҳо дар он зиёда аз 5100 нигора гирд оварда шудааст. Осорхона дар раванди таълиму тарбияи донишҷӯён аз фанҳои кафедра ёрии амалӣ расонида, онҳоро бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон ошно мегардонад. Осорхонаи зоологӣ барои омӯзгорони фанҳои биологӣ ва толибилмони мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд маркази маърифат маҳсуб меёбад. Кафедраи зоология барои комёбиҳо дар раванди таълиму тарбия, тадқиқотҳои илмӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ созовори Ифтихорномаи Донишгоҳ гардидаанд (1978,1979, 2015). Кафедра дар замони Истиқлолият ба дастовардҳои зиёд ноил гашт, зеро дар зарфи 25 соли Истиқлолияи давлатӣ бо шарофати заҳмати софдилонаи устодону шогирдон дар роҳи илм ва таълиму тарбия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Ба ин хотир соли 1993 дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аввалин маротиба шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи аспирантура аз рўи ихтисоси зоология-03.00.08 ба фаъолият оғоз намуд, ки аввалин аспирантони кафедра дар шуъбаи рӯзона Домуллоева З.Қ. ва дар шуъбаи ғоибона Бобоҷонова М.Ғ., Мирзобаҳодурова Ш.Р. буданд. Хушбахтона, Домуллоева З.Қ. таҳти роҳбарии профессор О.П.Богданов ва Мирзобаҳодурова Ш.Р. таҳти роҳбарии академик И.А.Абдусаломов соли 2000-ум рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд. Баъдтар аспиранти кафедра Хидиров Х.О. рисолаи номзадияшро ҳимоя намуд. Дар назди кафедра семинари илмӣ-назариявӣ амал мекунад, ки дар ҷаласаҳои он устодон аз фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худ маърӯза мекунанд. Инчунин якчанд сол аст, ки дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён “Зоофизиолог” фаъолият бурда, дар он донишҷӯёни фаъол ҷалб карда мешаванд ва бо мавзӯъҳои илмӣ дар кори маҳфил ва конфронсҳои илмӣ баромад мекунанд. Ҳоло дар назди кафедра 1 нафар хатмкунандаи аспирантура Шарипов А.А. фаъолияти илмӣ мебарад. Бояд қайд намуд, ки соли шашум аст, ки дар кафедра магистрантон таҳсил мекунанд. Соли хониши 2016-17 шумораи магистрантони кафедра ба 11 адад расида, 6 нафар хатмкунанда бо баҳои “аъло” диссертатсияи магистриро ҳимоя намуданд. Бо файзи даврони истиқлолият имрӯз кафедра дорои синфхонаҳои лексионӣ ва лабораторияҳои замонавӣ бо микроскоп, препарат, мулӯҳҳо, скелети одам, асбобу аёниятҳои анатомию физиологӣ таъмин буда, барои таҳсили донишҷӯёни ихтисоси биология ва кори тиббӣ-биологӣ аз фанҳои гистологӣ, физиологӣ ва анатомӣ мусоидат мекунанд. Ин натиљаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму таҳсилот мебошад.