Кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Соли 1958 кафедра ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар давраи фаъолияти кафедра устодони зерин роҳбарии онро ба зимма дошта, барои рушду нумӯи кафедра ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвон саҳмгузор буданд: МухторАҳмадов (1958-1959), Деҳқон Неъматов (1959-1960, 1964-1970), Ҳамдам Очилов (1960-1964), РаҳматҷонАшӯров (1970-1977), Ҳувайдулло Ҷалилов (1977-1978), Абдусаттор Абдуқодиров (1978-1980), Ваҳҳобов (1980-1985), Шукринисо Бобоевна Маҳкамова (1985-2001), Эргашбой Шарипов (2001-2008), Моҳинисо Каримова (2008-2013), Қурбонбой Бурҳонов (2013-2016), Дилбар Раҳмонова (2016 то ҳол ).

Устодони шодравону зиндаёд Д.Неъматов, О.Ҳамдамов, Р.Ҷӯраева, Р.Содиқова, Ш.Махкамова, Б.Марипов, Т.Икромова дар пешрафту рушди фаъолияти таълимиву методӣ ва илмии кафедра саҳми босазо гузоштаанд.


Инкишофи минбаъдаи фаъолияти таълимиву методӣ, илмиву тарбиявии кафедра ба фаъолияти пурсамари устодон А.Абдуқодиров, А.Зоҳидов, Э.Шарипов, Қ.Бурҳонов, М.Каримова, Д.Абдуллоева, Э.Шералиев, Ҳ. Раҳматов, С.Кароматуллоев, Х.Ғаниева ва дигарон марбут аст. Соли хониши 2015-2016 бо назардошти талаботи замон ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати кадрҳои баландихтисос бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳти № 12 аз 22.06.2016 ва тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти № 173 аз 22.06.2016 дар натиҷаи муттаҳид гардидани кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ ва кафедраи табиию риёзӣ кафедраи мазкур бо номи кафедраи назария ва методикаи таълими фанҳои тахассусӣ иваз карда шуд, ки дар он 11 нафар дотсентон, 6 нафар сармуаллимон, 7 нафар муаллимон кору фаъолият доштанд. Ҳамзамон, баъди як соли фаъолияти кафедраи назария ва методикаи таълими фанҳои тахассусӣ бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров № 157 аз санаи 30 июни соли 2017 бо сабаби зиёд гардидани шумораи аъзои кафедраи номбурда ба ду кафедраи алоҳида - назария ва методикаи таълими забони модарӣ ва табиӣ – риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он ҷудо карда шуд. Айни замон, дотсентДилбарЗикриёевнаРаҳмонова ба ҳайси мудири кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ ва Абдусамадова Мунира Абдуғаффоровна ба ҳайси мудири кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он фаъолият мебаранд.Аъзоёни кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ дотсентон Д.З.Раҳмонова, Э.Шарипов, Д.Абдуллоева, М. Каримова, У.Сатторов, М.Эгамбердиева, сармуаллимони варзида О.Қаюмова, Ризоева Р.Б. ва дигарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаъолияти кафедраро самаранок ба роҳмонда, раванди таълиму тадрисро ба талаботи Стандарти давлатӣ мутобиқ гардонанд. Устодони кафедра дар таълифи китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ низ саҳм гузоранд. Э.Шарипов ҳамчун муаллифи китобҳои “Математика” барои синфҳои 1 ва 2, Д. Абдуллоева ҳамчун муаллифи китоби “Алифбо” пайваста ба такмилу навсозии муҳтавову мазмун ва усули дастраскунии моҳияти китоб шуғл меварзанд. Аз рӯи фанҳое, ки ба феҳристи кафедра дохил мешаванд, ба чоп омода намудани дастури таълимӣ-методӣ, матни лексияҳо сол аз сол зиёд мешаванд. Аз ҷумла, дастурҳои таълимию методӣ оид ба курсҳои «Лексикология», «Фонетика»,«Курсимахсус аз методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ», «Асосхои табиатшиносӣ ва методикаи таълими он», «Назарияваметодикаиинкишофинутқикӯдак», «Асосҳо исанъати тасвирӣ ва методикаи таълими он» ва ғайра интишор ёфтанд.


Кафедра бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагона бевосита ҳамкорӣ мекунад ва дар баргузории семинару машварат ва конфронсҳо фаъолона иштирок меварзад. Дар кафедра сифати таълим хуб ба роҳ мондашуда, муҳокимаи матни маърӯзаҳою дарсҳои кушод, иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ва суҳбатҳо тибқи таҷрибаи корӣм уттасил гузаронида мешавад.