​Баланд бардоштани тафаккури забономӯзии донишҷӯён

Дирӯз дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус барои ҳавасмандкунӣ ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши забони ҷаҳонии рус бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, бо роҳбарии мудири кафедра, дотсент Раҳмонова Д. ва сармуаллимаи кафедра Каримова М. “Ҳафтаи забони русӣ” ташкил карда шуд.

Чорабиниро мудири кафедраи педагогикаи касбӣ ва иҷтимоӣ, дотсент Элмуродова С. ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки ташкили “Ҳафтаи забони русӣ” барои табодули таҷрибаи касбӣ, баланд бардоштани тафаккури забономӯзии донишҷӯён ва омӯзиши масъалаҳои муҳими забони русӣ мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ