Кафедраи молия ва қарз

Телефон барои маълумот

Кафедраи молия, таҳлил ва омор бо номи молия ва қарз моҳи сентябри соли 1993 бо фармони №97 ректори донишгоҳ таъсис ёфтааст. Дар ибтидо ҳамагӣ 4 нафар устод, н. и. и., дотсент Юсупова Д., профессор Мирсаидов А. Б., муаллимаи калон Қосимова З. таҳти роҳбарии мудири кафедра н. и. и., дотсент Ҳамидов Ҳ. Ҳ. Фаъолияти таълимиву илмиро оғоз намуда буданд. Ҳайати кафедра соли 1996-ум аз ҳисоби хатмкунандагони соҳиби истеъдод ва қобилият Умаров С., Хоҷаев Ш. Т., соли 1999-ум Тўхтаев Т. М., Зокиров А. Ҷ., Мирпочоев Д., соли 2000-ум Муродов Р. Д., Салимова М. М., соли 2001-ум Қурбонова Ф. А., Абдуллоева М. А., Туқкузбоев Т. Н., пурра гардид. Аз моҳи сентябри соли 2000-ум роҳбарии кафедра ба зиммаи н. и. и., дотсент Ризоқулов Т. вогузор гардид.


Кафедра мутахассисони соҳибмаълумотро дар соҳаи бонкдорӣ, молия ва қарз, муомилоти пулӣ, ҳисоббаробарсозӣ, андоз ва андозбандӣ тайёр менамояд, ки ба онҳо мақомоти молиявии ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти андоз, бонкҳо, ширкатҳои суғуртаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, мақомоти молиявии корхонаву иттиҳодияҳо ва фондҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷи зиёд доранд. Аз моҳи сентябри соли 2008 бо фармони раёсати донишгоҳ кафедра бо назардошти акси таркибии фаъолият чун Молия, таҳлил ва омор номгузорӣ шуд.

Сарварии кафедраро аз моҳи сентябри соли 2009 то моҳи апрели соли 2014 н. и. и., дотсент Абдуллозода Д. дар ўҳда дошт. Дар ин давра устодони пуртаҷриба Содиқов М., Абдураҳмонов М., Мавлонов Р. А., Ҳошимов А. О., Ҷалолова Ҳ., Қурбонова Ф. А. ва муаллимон Ҳамидова С. Х., Раҳматова Н. кору фаъолият бурдаанд. Аз моҳи апрели соли 2014 то ҳоло сарварии кафедраро н. и. и., дотсент Ҳамидова С. Ҳ., дар ўҳда дорад. Кафедра аз рўи ихтисоси кори бонкӣ ба тайёр кардани 235 нафар мутахассис дар шуъбаи рўзона (бакалавриат), 312 нафар дар шуъбаи ғоибона ва 30 нафар дар магистратура машғул аст. Тарбияи кадрҳои илмӣ низ мавриди таваҷҷўҳ буда, дар робитаву ҳамкорӣ бо кафедраҳои донишгоҳҳои дигари шаҳру ҷумҳурӣ ва берун аз он ҷараён мегирад. Аъзои кафедра тамоми нерў ва имконияти мавҷударо барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълими донишҷўён ва омўзишу дар амал татбиқ намудаи натиҷаҳои тадқиқоти илмию методии олимони машҳури соҳаи иқтисод равона намудаанд. Ин амал аз соли 2010-ум ба ин тараф хеле вусъат ёфт. Ба ҳайати устодони кафедра мушарраф гардид, ки бо макотиби олии пойтахти кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ равобити илмию методӣ барқарор намояд.

Хабархо нест!