​Маърӯзакунандагони беҳтарин дар бахши молия ва андоз муайян шуданд

Дар кафдеари молия ва андози факултети иқтисодии Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-анънавии устодон ва донишҷӯён баргузор ва маърӯзаҳои беҳтарин муайян ва муаррифӣ гашт.

Дар бахши устодон доир ба масъалаҳои “Ислоҳоти институтсионалии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он”, “Усулҳои оптималии истифодабарии захираҳои молиявии минтақа дар мисоли вилояти Суғд” ва “Таҳлили сохтори селаи молиявӣ дар иқтисодиёт” ироа ва ҷанбаҳои асосии мавзӯъҳо баррасӣ гаштанд.

Дар ин бахш маърузаи беҳтарин, маърӯзаи М. Акрамов - дотсенти кафедраи молия ва андоз дониста шуд.

Дар бахши донишҷӯён 9 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногун ироа ва мубрамии онҳоро шарҳ дода шуданд. Аз маърӯзаҳои шунидашуда дар ин бахш, маърӯзаи Ш. Рӯзибоева - донишҷӯи соли аввали ихтисоси молия ва қарз таҳти унвони “Молияи давлатӣ ва нақши он дар такмили низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва маърузаи У. Ҷумъазода - донишҷӯи соли аввали ихтисоси андоз ва андозбандӣ зери номи “Ислоҳти низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он” беҳтарин муаррифӣ гардид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ