Кафедраи геоэкология ва методикаи таълим
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ 14.06.2011 таъсис ёфта, ба он номзади илмҳои педагогӣ Дадобоева Н.Н. мудир таъин шуд.
Дар кафедра номзадони илм-дотсентон Саидова М.Р., Ҳоҷибоев Ҳ., Дадобоева Н.Н, сармуаллима Охунова С. ва коромӯз Умарова З., Дадобоев М. ба ҳайати штатии кафедра шомил гардиданд. Айни замон кафедраро олими ҷавон номзади илмҳои география Ғуфронов Д.Н. роҳбарӣ намуда, аъзоёни кафедра мутахассисони ҷавобгӯ ба ихтисоси геоэкология, доктори илмҳои география, профессор Раҳимов А.И., дотсентон Бобоҷонов А.Н., Дадобоева Н.Н., сармуаллимон Охунова С.А., Дадобоев М.А., муаллимон Умарова З.Ш, Умарова М.А., Тиллоев Н.Қ. оид ба методикаи таълими география, воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаи таълим, географияи мактабӣ, кишваршиносӣ, геоэкология, асосҳои геоэкология ва ҳифзи табиат, ҳифзи муҳити табиӣ-антропогенӣ ва техногенӣ, таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, истеҳсолӣ ва саҳроӣ барномаҳо ва васоити таълимӣ ва методӣ омода намуда,бароитайёрнамудани саҳмгузоранд.