Қадршиносии донишу малака

Дастгириву ғамхории насли наврасу ҷавон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки барои дониш андӯхтану соҳибкасб шудани қишри ояндадори ҷомеа имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Боиси тазаккур аст, ки аз тарафи роҳбарияти вилоят ба ҷавонону донишҷӯён низ сол то сол таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар ин замина аз ҷониби Раиси вилоят муҳтарам Раҷабой Аҳмадзода ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои олии вилоят Стипендияи Раиси вилояти Суғд тақдим шуд. Бояд қайд намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 26 нафар донишҷӯ, аз онҳо 2 магистрант ва 4 докторант ба гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд мушарраф гардиданд.

Яке аз гирандагони ин стипендия Шодмон Нурматов, докторанти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, иброз дошт, ки ҷавонон аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, хосатан дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ менамонд, зеро барои онҳо шароити мусоиди таҳсил фароҳам овардаанд.

Дар маросими супоридани Стипендия Раиси вилоят иброз дошт, ки ҷавонони вилояти Суғд низ дар қатори дигар намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд. Қайд намудан бамаврид аст, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ҷавононе, ки дорои қобилияти баланд буда, ташаббускору донишманд ҳастанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мешаванд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо донишҷӯён тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника, бунёдкорӣ ва созандагӣ равона месозанд.

- Сарвари давлат борҳо дар баромадҳои хеш бо боварии комил ба ҷавонон таъкид месозанд, ки “Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред”. Ин дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат бори дигар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Мо - ҷавонон ваъда медиҳем, ки ба қадри суботи комили кишвар расем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона хидмат намуда, барои ояндаи неки кишвар саҳмгузор бошем, – иброз дошт Шодмон Нурматов.

http://www.hakikati-sugd.tj/index.php/education/12...

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ