Кафедраи тарбияи ҷисмонии умумидонишгоҳӣ
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
Кафедраи тарбияи ҷисмонии умумидонишгоҳӣ Солҳои 1956-57 ба кафедра як зумра устодони нав ба монанди Т.Н. Ткачук, А.Н. Кривенок ба кор меоянд. А.Н. Кривенок корҳои илмии тадқиқотӣ бурда, рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ менамояд. Дар ҳамин солҳо аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Маскав ҳайати кафедра пурқуваттар мегардад: ба кор Д.Б. Ботуров, Ш.М. Ҳофизов шурӯъ мекунанд. Дар ин солҳо роҳбарии кафедраро О.П. Иброҳимов дар ӯҳда дошта, дар инкишофи соҳаи варзиш дар ДДОЛ меҳнати зиёдеро ба харҷ додааст.
Дар солҳои 60-ум роҳбарии кафедра ба зиммаи О.И. Терентев гузошта мешавад, ки устодон Г.Ф. Фотт Р.М. Юдилевич, В.А. Захарова И.С. Ҷӯраев, А.З. Зокиров дар тарбияи варзишчиёни ҷавон камар мебанданд. Солҳои 70-ум кафедра аз ҳисоби хатмкунандагони факултети тарбияи ҷисмонии ДДОЛ пурра карда мешавад, ки алҳол баъзе аз онҳо дар кори таълиму тарбияи шогирдон саҳмгузорӣ доранд. Инҳо И.Т.Калинин, Ю.А. Петин А.Д. Мирсаидов А.А. Аминҷонов М.М. Маҳмудов ва дигарҳо мебошанд. Солҳои 80-ум сарварии кафедраро А.Р. Расулов ба ӯҳда дошт. Он солҳо ба кор хатмкунандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон С.С. Икромов, Р.С. Сафарова, Т.З. Каримова ва А. Ларионов даъват карда мешавад. Соли 1989 роҳбари кафедра номзоди илми педагогикаФ.М. Абдураҳмонова таъин мегардад.Солҳои 2012 то соли 2015 вазифаи мудири кафедраро сармуаллим Собиров Р. ба ӯҳда доштаанд. Аз 05.10. 2015 сол Сангинов Б.К. мудири кафедраи Тарбияи ҷисмонии умумидонишгоҳӣ таъин шуд. Аз сентябри соли 2017 сармуаллим Собиров Р.Р. вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳдадоранд.