Кафедраи муҳосибот ва аудит
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
-
- +992927805062
- Телефон
-
- ДДХ
Кафедраи Муҳосибот ва аудит 4-уми октябри соли 1994 бо ташаббус ва фармони ректори донишгоҳ таъсис ёфтааст. Аз аввали таъсисёбӣ дар кафедра профессорон А. Б. Мирсаидов, А. Юнусов, дотсентон З. Х. Умаров, М. Абдураҳмонов, Д. Абдуллозода, Р. Ходжаева, А. Абдураҳимов, сармуаллимон Б. Тӯхтаева, Т. Зоидова, А. Шарипов, А. Раҳимов, Ҳ. Ҷалолова, М. Юлдашева, М. Содиқов ва дигарон босамар фаъолият бурда, дар тарбияи мутахассисони маълумоти олии ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит саҳми арзанда гузоштаанд. Соли 1994 вазифаи мудири кафедра ба зиммаи н. и. и., дотсент З. Х. Умаров гузошта шуд. Дар солҳои 1996-2007 вазифаи мудири кафедраро н. и. и., дотсент М. Абдураҳмонов иҷро кардааст. Аз моҳи марти соли 2007 то соли 2015 сарварии кафедра дар уҳдаи н. и. и. М. Пӯлодов ва аз соли 2016 то имрӯз ба зиммаи дотсент Д. Х. Абдуллозода вогузор гардидааст.
Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит ва аудит ва ревизия» тайёр менамояд.
Кафедраи муҳосибот ва аудит солҳои 2004-2005 бо ёрмандии корпоратсияи Прагма ва соли 2012 бо ёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 580 китоби замонавии тахассусӣ таъмин карда шудааст.
Имрӯз дар кафедра датсентон Д. Х. Абдуллозода, н. и. и., дотсентон Х. Ботуров, Р. Хаджаева, А. Абдураҳимов, сармуаллимон Б. Ҳ. Тӯхтаева, Р. Ходжаева, Т. Зоидова, Р. Муродов, И. Ҳ. Ҳамидова, А. Дадохӯҷаев, муаллимон Н. Т. Мадаминова, Ш. Х. Қурбонова ва коргузори кафедра С. С. Аскарова кору фаъолият бурда истодаанд.
Ҷараёни таълим аз рӯи нақшаи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит таъмин гардида, мувофиқан ба талаботи стандартҳои давлатии таълимоти касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Дар айни ҳол устодони кафедра роҷеъ ба масъалаҳои роҳҳои самараноки ташкили ҳисобгирии бухгалтерӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фаъолияти аудит тибқи барномаи 1С: муҳосибот, захираҳои афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккул ва инкишофи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҶТ (дар мисоли хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар вилояти Суғд) ва имкониятҳои ба стандарти байналхалқии ҳисобгирӣ ва аудит гузаштани Тоҷикистон фаъолияти илмӣ мебаранд. Аз тарафи устодони кафедра мувофиқан ба фанҳои тахассусии кафедра комплексҳои таълимӣ-методӣ, силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни дорои низоми таҳсили кредитӣ аз чоп баромаданд, ки дар раванди таълим истифода мешаванд. Дар тӯли беш аз 20-соли фаъолият устодони кафедра тавонистаанд садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба тайёр намоянд, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, даҳҳо нафар хатмкунандагон соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардида, дар соҳаи маориф фаъолияти пурсамар мебаранд.
Устодони кафедра бо макотиби олии кишвар, аз ҷумла ДДНТ, ДАТ, ДТДД, ДДҲБСТ робитаи илмӣ доранд. Онҳо дар конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ дар дигар донишгоҳҳо ва макотиби олӣ фаъолона ширкат варзида, натиҷаҳои татқиқоташонро манзур сохтаанд. Аз ҷумла, дотсент Д. Х. Абдуллозода дар конфронси илмӣ-амалии байналхалқии «Бозори истеъмолии Евроазия: ҳолати муосир, назария ва амалия дар шароити иттиҳоди иқтисодии Евроазия ва ТУС» (Екатарингбурги Федератсияи Русия), конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии «Рушди босуботи комплекси аграрию саноатӣ – омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ (Қӯрғонтепа, ҶТ), дотсент А. А. Абдураҳимов дар конфронси илмии амалии байналхалқии «Муаммоҳои актуалии менеҷменти молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар шароити рушди инноватсионии иқтисодиёт» иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштироки устодони кафедра дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Иқтисодиёт ва дурнамои рушди минбаъдаи барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Хуҷанд) низ фаъолона буд. Фаъолияти тарбиявии кафедра дар асосӣ нақшаи Шӯрои олимони факултет ба роҳ монда шудааст. Устодон ва донишҷӯён дар чорабиниҳои илмӣ ва тарбиявӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ ҳамасола фаъолона ширкат меварзанд.