Ғафурзода Дилбар

Вазифа:
Муаллими сол

Ғафурзода Дилбар 26-майи соли 1982 дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Падараш Усмонов Ғафурҷон собиқ ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, модараш Саидова Матлюбахон омӯзгори синфҳои ибтидоии МТУҒ «Гулчини маърифат» мебошанд.

Соли 1988 қадами нахустини худро ба МТМУ№20 ниҳода, тӯли 10 сол ҳамчун хонандаи аълохон, фаъол, сардори синф таҳсил намудааст. Маъмурияти мактаб донишамро ба назар гирифта ба тариқи «Экстернӣ» хатм кардани мактаб пешниҳод карданд. Соли 1998 бо муваффақият имтиҳонҳои синфи 11-ро супорида мактабро ба тариқи «Экстернӣ» хатм намуда, худи ҳамон сол ба ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дохил шудааст. Соли 2003 донишгоҳро низ бо муваффақият бо баҳои аъло бо дипломи сурх ба итмом расонидааст.

Фаъолияти корӣ аз соли 2011 дар МТМУ №5 ба номи 20-солагии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчун ҷонишини сарвар оид ба корҳои тарбиявӣ ва омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар синфҳои5-8-10-11 фаъолона кор кардааст.

Соли 2012 ба МТУҒ «Гулчини маърифат» омада ҳамчун роҳбари синфи 5а ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик кору фаъолият дошт.

Ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик барои амалӣ кардани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 20-апрели соли 2012 якчанд дарсҳои кушоди намунавӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ гузаронидааст.

Инчунин дар курси донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар курси такмили ихтисоси омӯзгорони забони давлатӣ аз санаи 16.01.2014 то 29.01.2014 бо тахассуси аъло таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатнома гашт.

Соли хониши 2014-15 ба кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума барои фаъолият даъват шуда, ба шогирдон аз фанҳои тахассусии кафедра, мисли забони адабии ҳозираи тоҷик, забон ва услуби ВАО, адабиёти тоҷик ба тадрис то ба имрӯз машғул мебошад.

Ҳар як дарсро бо лаҳзаҳои гуногун, рангоранг, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ташкил намуда, барои донишандӯзии донишҷӯён мекӯшад. Дар дарсҳо ба масъалагузорӣ, сӯҳбат аҳамияти махсус медиҳад. То ба имрӯз бо донишҷӯёни чандин курсҳо дарси кушоду тарбиявӣ дар мавзӯъҳои “Пешвои тоҷдорон зинда бош!” (ба ифтихори Рӯзи Президент), “Калиди дари ганҷ” (ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ), “Машъалафрӯзи маърифат” (ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон), “Анҷумани саодатбахши миллат” (бахшида ба 20 солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат) ва якчанд дарсҳои кушоди намунавӣ гузаронидааст.

Аз санаи 14.11.2016 то 30.11.2016 ДДПТТ курси такмили ихтисосро гузаштам. Соҳиби дипломи донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ-ро бо ихтисоси “Курси технологияи иттилоотӣ” ба итмом расонида, ҳамчун унвонҷӯи кафедраи адабиёти муосири тоҷик таҳқиқоти илмӣ бурда, бо раҳнамоии профессор М.Мирзоюнус дар мавзӯи “Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон” рисолаи номзадӣ дифоъ намудаааст.

Дар озмуни донишгоҳӣ байни омӯзгорони ҷавони донишгоҳ “Муаллими ҷавони сол” иштирок намуда, ҷои аввалро сазовор гардид.