Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Телефон барои маълумот

Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт. Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт мувофиқи фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №154 аз 12.06.2015 таъсис ёфт. Дар кафедра 7 нафар устодон фаъолият дошта, аз онҳо 3 нафар номзади илм, дотсент, 1 нафар сармуаллим ва 3 нафар муаллимон мебошанд.

Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд: кибернетикаи иқтисодӣ: автоматиконии системаҳои ҷамъоварӣ, ҳисоб ва коркарди иттилооти молиявӣ ва тиҷоратӣ, информатикаи иқтисодӣ. Кафедра аз рӯи Барномаи дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯи «Коркарди комплекси мавод барои системаи ягонаи таълими фанҳои кафедра» корбарӣ намуда истодааст. Дар кафедра аз рӯи 27 номгӯи фанҳои таълимӣ машғулиятҳои таълимӣ, лабораторӣ, амалӣ гузаронида мешаванд. Ҳамаи синфхонаҳои ба кафедра вобастагардида бо техникаю технологияҳои муосир таҷҳизонида шудаанд.

Ин технология имконият медиҳад, ки омӯзгор ҳангоми дарс пурра раванди таълимро идора намуда, оид ба фаъолияти ҳар як донишҷӯ аз ҷои корӣ мушоҳида намояд. Устодони кафедра аз курсҳои такмили ихтисос дар миқёси ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар гузаштаанд. Дотсент М.И. Нуриддинова моҳи июни соли 2015 аз тарафи барномаи TEMPUS дар Донишгоҳи техникии Люблини давлати Полша барои омӯзонидани фанни идоракунии лоиҳаҳо такмили ихтисосро гузаштааст. Дар се соли охир аз тарафи устодони кафедра 12 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, 50 мақолаи илмӣ чоп гардидаанд.