Кафедраи назарияи иқтисодӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи «Назарияи иқтисод» (то соли 1996 «Иқтисоди сиёсӣ») ҳамчун ҷузъи мустақил дар таркиби сохтори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров соли 1967 ташкил шудааст. Нахустин мудири кафедра дотсент Куприянов В.С. буд. Дар солҳои мухталиф роҳбарии кафедраро устодони болаёқат ва пуртаҷриба Ҷалилов Т.Ҷ., Қурбонов А.А., Аюбов А.А., Раҳимов А.М., Маҷидов А.М., Абдуғафоров А.А., Исмоилов М.М. дар ӯҳда доштанд. Ҳоло вазифаи мудири кафедра ба зиммаи д.и.и., профессор Алиҷонов Ҷ.А. гузошта шудааст. Дар муваффақиятҳои ба даст овардаи кафедра саҳми устодони пуртаҷриба Алиҷонов Ҷ.А., Исмоилов М., Аллашукуров Б.Э., Адувалиева Н.А., Ҳайдаров Б., Норҷигитов Р., Узоқова Г., Усмонова Ш., ки солҳои мухталиф дар кафедра фаъолияти корӣ бурдаанд, хеле калон мебошад.

Устодони кафедра барои такмил додани раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми арзандаро гузоштан ва гузошта истодаанд. Дар кафедра аз фанҳои «Назарияи иқтисод», «Микроиқтисод» ва «Макроиқтисод» дарсҳои амалӣ ва лексионӣ гузаронида мешаванд. Барои фанҳои дар тобеи кафедра буда аз тарафи устодони кафедра барномаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи имрӯза тайёр карда шудаанд. Инчунин барои беҳтар намудани сифати азхудкунии раванди таълим дар кафедра дастурҳои методӣ тартиб дода шудаанд, ки он ҳамаи самтҳои таълимию методиро дарбар мегирад.

Дар кафедра барои тайёр кардани кадрҳои илмии соҳибунвон диққати махсус дода мешавад. Чун дастоварди кафедра дар ин ҷода ҳимояи рисолаи доктории дотсенти кафедра Т.Ҷ. Ҷалилов (соли 1989), ҳимояи рисолаи номзадии сармуаллими кафедра Аюбов А.А. (соли 1980)ҳимояи рисолаҳои номзадии сармуаллими кафедра Раҳимов А.М. (2000) доктори соли 2005), ҳимояи рисолаи доктории досент Исмоилов М., (соли 2007), ҳимояи рисолаи номзадии сармуаллимон Узоқова Г.М. ва Сайдуллева Д.К. (соли 2011) Носирҷонова М., Аллашукуров Б.Э. (соли 2019), Абдувалиева Н.А. (соли 2019), ҳимояи рисолаи доктори Алиҷонов Ҷ.А. (соли 2021) ёдрас шудан ба мавқеъ мебошад. Мавзӯъи рисолаҳои дифогардида барои ҳалли муаммоҳои иқтисодии муосири ҷумҳурӣ равона карда шудаанд.


Умуман, саҳми устодони кафедра дар равнақи корҳои илмиву тадқиқоти назаррас мебошад. Корҳои илмии кафедра аз нуқтаи ташкилшавиаш то ҳамин давра муаммоҳои гуногуни ислоҳоти иқтисодиро дарбар мегирад. Ҳоло дурнамои илмии кафедра барои солҳои 2020-2025 дар мавзӯи «Тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ» буда, фаъолияти кулли устодони кафедра барои ҳалли ин муаммои замонави равон карда шудааст. Оид ба муаммоҳои мубрами рӯз дар тӯли зиёда аз 45 соли фаъолияти илмии кафедра аз тарафи устодон монографияҳо, мақолаҳо ва фишурдаҳои сершумор аз чоп бароварда шуд. Устодони ҷавони кафедра дар конфронсҳои гуногуни илми фаъолона иштирок мекунанд. Аз он ҷумла муаллимони ҷавони кафедра Абдураҳмонова З., Мирбооева М., Холматова Д. дар конфронси олимони ҷавони ҷумҳурияви ва донишгоҳ фаъолона иштирок ва баромад карданд. Ҳоло дар кафедра махфили илмии донишҷӯён пурра оид ба фанҳои иқтисодӣ амал мекунад, ки ба он бештар аз 20 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд.

Устодони кафедра дар корҳои ҷамъиятии факултет, донишгоҳ, шаҳр ва вилоят фаъолона иштирок намоянд. Ҳоло коллективи кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» тамоми саъю кӯшиши худро барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос равона карда истодааст.

Китобҳои дарсие, ки бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд (дар соли 2021).

Дар соли 2021 як адад китоби дарсӣ бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти “Назарияи иқтисодии умумӣ” ба чоп расонида шудааст.

Алиҷонов Ҷ.А., Алиҷонова С.А. Назарияи иқтисодии умумӣ. Хуҷанд, 2021 “Праки технологии ДДҲБСТ”, 624с.

Китобҳои дарсие, ки бо қарори Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ба нашр расидаанд (дар соли 2021)..

Абдувалиева Н.А. «История финансов», Учебно-методический комплекс, Худжанд, Технопарк ТГУПБП 2021 г, 270 с.

Теъдоди монографияҳо дар кафедра (дар соли 2021).

1. Алиджанов Д.А. Импортозамещающий экономический рост в современных условиях Республики Таджикистан. Худжанд, «Нури маърифат». 2021. 368с.

2. Исмоилов М.М., Исмоилов Ш.М., Абдуллозода Д.Х. Ташаккули системаи инноватсионии минтақавии маориф. Хуҷанд, 2021. 230с.

3. Абдувалиева Н.А. «Формирование инновационных кластеров энергетического комплекса Среднеазиатского региона», Монография, Худжанд 2021, 210 с..

Теъдоди дастурҳои таълимӣ-методӣ дар кафедра (дар соли 2021).

Абдувалиева Н.А. «История финансов», Учебно-методический комплекс, Худжанд, Технопарк ТГУПБП 2021 г, 270 с.

Иштироки аъзоёни кафедра дар конференсияҳоибайналмиллалӣ дар соли 2021

1. Алиҷонов Ҷ.А. Модернизация как предпосылка стимулирования импортозамещающего экономического роста в Республике Таджикистан. // Министерство образования и науки Украины. Национальный университет «Запорожская политехника» Экономико-гуманитарный институт. Материалы III Международной научно-практической конференции «Генерирование инноваций инклюзивного развития: национальное, региональное, международное измерение» Запорожье. 12-13 октября 2021г. С. 77-79.

2.Норжигитов Р.О. Роль технологий в повышении эффективности инновационного дистанционного обучения. // Рол профессиональной компетентностипедагогов в повышенииэффективности онлайн-образования: проблемы и пути их решения Международная научно-практическая онлайн конференция.-Ташкент:7-8 апрел 2021.

3.Норжигитов Р. О. Дистанционное обучение и познавательное развитие учащихся на уроке. // Рол профессиональной компетентности педагогов в повышении эффективности онлайн-образования: проблемы и пути их решения Международная научно-практическая онлайн конференция.-Ташкент: 7-8 апрел 2021.

4. Аллашукров Б.Э. Рақобатпазирии корхонаҳо: моҳият, омилҳо ва принсипҳо он. // «Глобальная наука и инновация 2021: Центральная Азия» № 1(12). Февраль 2021. Серия «Экономические науки»

5. Аллашукров Б.Э. Формирование конкурентоспособности Республики Таджикистан в условиях переходной экономики: теория и методология. // Сборник научных трудов по материалам ҶҶI Международной научно-практической конференции, 14 апреля 2021 года, г.-к. Анапа. С.119-124.

6. Аллашукров Б.Э. Конкурентоспособность экономики Таджикистана в условиях членства в ВТО. // Фундаментальные научны исследования. Сборник научных трудов по материалам XI Международной научно-практической конференции, 14 сентября 2021 года, г. Анапа.