Кафедраи географияи табиӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи географияи табиӣ - соли 1965 бо ташаббуси профессор Ҳ.F.Очилов ташкил ёфтааст. Дар ташкили шуъбаи география саҳми устодон Ҳ.F.Очилов, Б.Мақсудов, Б.М.Ҳайдаров, В.И.Сурмачевский, А.И.Тян назаррас аст.

Тӯли солҳои мавҷудияти кафедра устодон Ҳ.F.Очилов О.Fиёсов, С.Я.Абдураҳимов, А.Раҷабов, Д.Ёқубов, А.А Зайнутдинов, Д.Н.Саидова сарварӣ кардаанд. Дар факултет аспирантура аз рӯи ихтисоси 25.00.24, 25.00.36, 08.09.01, докторантураи PhD аз рӯи ихтисосҳои география, геоэкология ва идоракунии ҳифзи табиат, магистратура аз рӯи самтҳои географияи табиию иқтисодӣ, геоэкология амал мекунанд.


Ҳамзамон, мактаби илмии “Профессор Абдураҳимов С.” аз рӯи муаммоҳои “Пешгӯӣ, идоракуниисарватҳои табиӣ ва истифодабарии он дар раванди таълими мактабҳои олӣ” ва “Бавуҷудоии офатҳои табиию техногенӣ ва оқибатҳои иқтисодию экологии он” амал мекунад. Дар кафедра бо роҳбарии профессор Абдураҳимов С.Я. барои солҳои 2011-2015 КИТ-ии буҷавӣ дар мавзӯи “Идоракунии сарватҳои табиии Тоҷикистон ва истифодабарии он дар раванди таълими мактабҳои олӣ” ҷамъбаст ва соҳиби патент гардид. Ҷамъбасти кори илмӣ-тадқиқотӣ дармонография бо номи “Инновационно-геоэкологические проблемы природно- техногенного разнообразия в Таджикистане” рӯи чоп омад ва бо Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон шарафёб гардид.

Барои солҳои 2017-2021 КИТ-ии нав бо роҳбарии Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон, Корманди шоистаи ҶТ, доктори илмҳои геология-минералогия, профессор Абдураҳимов С.Я. бо номи “Проблемаҳои инноватсионӣ-геоэкологии идоракунии гуногуннамудии сарватҳои табиӣ дар вилояти Суғд” ба фаъолият оғоз намуд.