Кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
Кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография аз1 сентябри соли1992 амал карда, тибқи қарори Шӯрои олимони ДДХ ба номи академик Б.Fафуров аз 21.01.1993 №6 тасдиқ карда шудааст.
Кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ намудааст, амал менамояд.
Солҳои мухталиф мудирони кафедра дотсентон Д.Ёқубов, М.Ҳайдаров, М.Ҳ.Хоҷаев бар уҳда доштанд. Баъди ташкил шудани факултети геоэкология кафедра бо номи географияи иқтисодӣ ва демография фаъолият мебарад.
Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони «география-демография», географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат саҳмгузор мебошад.
Ҳамзамон,бо ширкатҳои туристии“Зарафшон”, “Помир - тур” ва “Би-би-тур” ҳамкориҳои фаъол дошта, таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯён дар ин ширкатҳо ба роҳ монда шудаанд.