Кафедраи биология ва методикаи таълими он

Телефон барои маълумот

Кафедраи мазкур 29-уми июни соли 1969 ташкил карда шуда, дар ибтидо бо номи «Кафедраи методикаи таълими табиатшиносӣ ва география» фаъолият мекард. Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои биологӣ, дотсент О. Дадобоева, аъзоёни кафедра дотсентон А.Б.Муҳиддинов, С.Ш. Худойбердиев, сармуаллимон Т.С. Солиев, К.К. Назаров ва ассистентон Л.И. Костроматина, сарлаборант М. Алибоева ва ташреҳгар О.И. Буйваренко фаъолият мебурданд. Кафедраи методикаи таълими табиатшиносӣ тадриси фанҳои методикаи таълими биология, химия, география, воситаҳои техникии таълим, тайёр кардани воситаҳои аёнӣ, гузаронидани таҷрибаҳои омӯзгорӣ ва саҳроиро ба зимма дошт.


Соли 1978 ба вазифаи мудирии кафедра номзади илмҳои биологӣ, дотсент Р.А. Мирзобаҳодуров таъин гардид. Таҳти роҳбарии ӯ утоқҳои фанниву лабораторияҳо ҷиҳозонида шуда, қитъаи таълимиву таҷрибавии наздимактабӣ (дар назди агробиостансияи донишкада) ташкил карда шуд. Дар кафедра як қатор муаллимон ва кормандони ҷавону пурѓайрат чун Ҳ. Ашӯров, О. Ғиёсов, Ҳ. Ҳакимова, Ғ. Мухаммедов, С.Б. Каримов ба фаъолият шурӯъ намуданд.Солҳои 1985-1987 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ғ. Муҳаммадов ба ӯҳда дошт. Аз соли 1987 то соли 1996 ба кафедра номзади илмҳои биологӣ, дотсент И.Т.Тӯрақулов сарварӣ намуд.

Солҳои 1987-1991 дар кафедра дотсентон И.Т.Тӯрақулов, С.Ш. Худойбердиев, О. Ғиёсов, номзади илмҳои биологӣ С.Б. Каримов, сармуаллимон М.Темиров, Т. Қурбонов, Ғ. Ғаффоров, муаллимон Ғ.Ортиқбоев, Ҳ. Ҳакимова фаъолият доштанд. Азбаски фанҳои услуби таълими химияи умумӣ ва услуби таълими география ба кафедраи химия ва географияи иқтисодӣ гузаронида шуд, кафедра аз соли1992 номи м»методикаи таълими биология»-ро гирифт. Аз соли 1998 кафедра «Биологияи умумӣ ва методикаи таълими он» номида шуда, 24-юми майи соли 1996 баъди барҳам хӯрдани кафедраи геоэкология кормандони он ба кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими он ҳамроҳ карда шуданд, ки он минбаъда кафедраи «Биологияи умумӣ ва ҳифзи табиат» ном гирифт. Аз моҳи феврали соли 1996 то декабри соли 2000 вазифаи мудирии кафедраи биологияи умумӣ ва ҳифзи табиатро дотсент Ғ. Ғаффоров ба зимма дошт.

Солҳои 90-уми садаи ХХ дар кафедра мутахассисони гуногунсоҳа: профессор-мушовири кафедра Х.Г.Очилов, номзадҳои илмҳои биологӣ, дотсентон И.Тӯрақулов, Ғ.Ғаффоров, Ё.Р. Ҳомидов, И.Эргашбоев, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент И.М. Ортиқбоев, номзади илмҳои техникӣ, сармуаллим Н.С. Ғуфронов, номзади илмҳои география Э.Х Иброҳимов, сармуаллимон Ҳ.Ҳакимова, М.Х. Аминов, А. Раҳимов, муаллимон Л. Исмоилова, Ч.Т. Хӯҷамбердиев, корманди калон М. Болтуева, лаборант Ш. Мирзоева фаъолият намуданд. Моҳи декабри соли 2000 дар заминаи кафедраи биологияи умумӣ ва ҳифзи табиат кафедраи экология ва методикаи таълими табиатшиносӣ ташкил карда шуд, ки вазифаи мудирии онро то соли 2003 дотсент С.Б. Каримов ба ӯҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2003 то моҳи июли соли 2007 ба кафедра номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ё.Р. Ҳомидов сарварӣ намуд. Дар кафедра 4 нафар номзади илмҳои биологӣ, дотсентон Ё.Р. Ҳомидов, Ғ.Ғаффоров, С.Б Каримов, Ф.Х. Очилова 1 нафар номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент А.Н. Бобоҷонов, 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ сармуаллим Ч.Т. Хӯҷамбердиев, 3 нафар сармуаллимон Ҳ. Ҳакимова, М.Х. Аминов, З.Ғ. Амонова, муаллима М.И. Собитова, М.Ю. Ӯлмасов, корманди калон М.Хайдарова ва М.Мирзокалонова фаъолият бурданд. Кафедра мутахассисони экологияро барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тайёр намудааст. Соли 2006 аввалин мутахассисони соҳаи экология донишгоҳро хатм намуданд.

Дар кафедра барои ихтисоси соҳавӣ тахассуси «Гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи табиат» ташкил карда шуда буд. Аъзоёни кафедра дар раванди ислоҳоти таълимӣ дар донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд. Аъзоёни кафедра дар мавзӯи «Хусусиятҳои биоэкологии баъзе растаниҳои нодир ва маҳвшудаистодаи флораи Тоҷикистони Шимолӣ дар шароити боѓи ботаникии Хуҷанд» тадқиқоти илмӣ бурдаанд. Аз моҳи апрели соли соли 2008 роҳбарии кафедра ба зиммаи доктори илмҳои биологӣ, профессор Каримов С.Б. гузошта шуда буд. Дар натиҷаи ба факултетҳои мустақил ҷудо шудан моҳи декабри соли 2010 дар заминаи ин кафедра дар факултети биология ва химия моҳи январи соли 2011 кафедраи биология ва методикаи таълими он ташкил карда мешавад, ки и.в.мудири ин кафедра дотсент Хидиров Х.О. буда, аз моҳи ноябри соли 2011 сарвари кафедраро дотсент Ҳомидов Ё.Р. ба зимма дошт.

Аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол ба кафедра профессор Каримов С.Б. сарварӣ мекунад. Дар кафедра 1 нафар профессор, 2 нафар номзади илмҳои биологӣ дотсентон, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ дотсент, 4 нафар сармуаллимон, 1 нафар муаллим ва 1 нафар коргузор фаъолият мебаранд. Ба донишҷўён устодони кафедра профессор Каримов С.Б., дотсентон Ғаффоров Ғ., Хӯҷамбердиев Ч.Т., Хидиров Х.О., сармуаллимон Ҳакимова Ҳ.А., Собитова М.И., Аҳророва М.А., Алимова Х.Б., Сабуров Б.М., муаллим Шодиев Б.Ҳ. дарс мегӯянд. Инчунин дар кафедра дањ нафар духтури соҳаи тиб(б) ҳамчун корманди муштараквазифа фаъолият мебаранд. Дар кафедра фанҳои мухталифи ихтисосҳои биология, кори тиббӣ-биологӣ ва магистри биология таълим дода мешавад: назарияи эволютсионӣ, экологияи умумӣ, методикаи таълими биология, курсҳои махсуси фанҳои тахассусии магистри биология, биологияи афзоиш ва инкишоф, фанҳои биология, паталогияи клиникӣ ва ғайраҳо.

Хабархо нест!