Ғаниева Малика Абдуқодировна
- Occupation
- Мудири кафедра
аз моҳи майи соли 2024 дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» фаъолият мекунад.
*Соли таваллуд 09 январи соли 1978 *Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд
*Миллат тоҷик *Маълумот олӣ
*Соли 2001 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро (рӯзона) хатм кардааст.
*Ихтисос муаллими нақшакашӣ, санъати тасвирӣ ва таълими меҳнат
*Унвони илмӣ номзади илмҳои педагогӣ
*Кадом забони хориҷиро медонад русӣ, англисӣ (бо луғат)
*Вакили халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
*Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
| Солҳои 2000-2006 | рассом-ороишгари кафедраи расм ва мусаввирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
| Солҳои 2006-2014 | муаллими кафедраи расм ва мусаввирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
| Солҳои 2014-2016 | сармуаллимаи кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
| Соли 2016 | муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
| Солҳои 2016-2024 | сармуаллимаи кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
| Аз моҳи майи соли 2024 то ҳол | иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |