Кафедраи Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

Contact phone number

Ба таълими фанни таърих асосан аз ибтидои солҳои 30-уми асри ХХ эътибор дода шудааст. Вақте ки Қарори Шурои Комиссарони СССР ва КМ ВКП (б) дар бораи «Таълими таърихи граҷданӣ дар мактабҳои СССР ва фанҳои таърихи умумӣ» баромад, аз тарафи Вазорати Маорифи СССР нақшаҳои таълимӣ, соати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон, сохти дарсҳо ва методикаи таълими таърих дар мактабҳои миёнаю олӣ ба танзим дароварда шуд. Он солҳо бо таълими фанни таърих бо тарзи синхронӣ бо ҳамаи предметҳои таърихшиносӣ аз ҷумла таърихи СССР якҷоя бо таърихи умумӣ омӯзонида мешуданд. Методикаи таълими он ҳоло акнун ташаккул меёфт.

Дар соли хониши 1937-1938 дар назди Институти омӯзгории шаҳри Хуҷанд, факултети таъриху филология бо се шӯъба - шӯъбаи таърих, филологияи тоҷик ва ӯзбек кушода шуд. Таъсисёбии факултети таърих дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси муаррихон барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ таконе бахшид. Аз ин лиҳоз, ба омӯзиши таърихи граҷданӣ (таърихи халқҳои СССР) ва таърихи умумиҷаҳонӣ диққату эътибор дода мешуд. Аз сабаби он ки кадрҳои маҳаллӣ-муаррихон ҳоло тайёр карда нашуда буданд, аз ин лиҳоз омӯзгорони русзабонро аз дигар шаҳрҳои мамлакат даъват мекарданд. Онҳо бо забони русӣ фанҳои таърихшиносиро ба донишҷӯён меомӯзониданд. Ба таълими методикаи таълими таърих баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-1945) эътибор дода шуд. Дар охири солҳои 40-50-уми асри ХХ як зумра асарҳои методӣ навишта шуданд, ки вай ҳам бо забони русӣ буда, методистони тоҷик дар асоси тарҷумаи китобҳои муаллифони рус фанни Методикаи таълими таърихро ба донишҷӯён меомӯзониданд ва онҳоро ба таҷрибаомӯзӣ мебурданд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ дар қатори таълими предметҳои таърихшиносӣ, ба таълими методикаи таълими таърих низ эътибор дода шуд. Дар ин солҳо аз тарафи олимон методистони машҳури рус Н.В.Андреевская, В. Н. Бернадский, М.А.Зиновев, В.Г.Карӣов, Н.А.Вагин, Н.В.Сперанская ва дигарон масъалаҳои методикаи таълими таърих такмил дода шуда омӯзишу равнақ ёфт. Дар ин солҳо ҳайати профессорон ва омӯзгорон аз байни халқҳои маҳаллӣ афзуданд. Яке аз авввалин омӯзгорон муаррихони тоҷике, ки ба забони тоҷикӣ ба донишҷӯён фанҳои таърихшиносӣ, аз ҷумла методикаи таълими онро мехонданд, инҳо Умар Каримов (яке аз хатмкунандаи аввалини факултети таърих дар соли 1941), Абдулло Алиматов, Д.Ҳамроев, Ҷарқинзода, Ю Т. Назаров, И.Мирмуллоев, дертар Щ.Ҳайдаров, Ш.Охунов, М.Худойбердиев, Т.Юсупов буданд. Сармуаллимон Абдулло Алиматов ва Турсунбой Юсупов (дертар номзади фанҳои таърих, дотсент, яке аз аввалин методистон буда дар солҳои баъди ҷангӣ предмети методикаи таълими таърихро мехонданд. Онҳо дар асоси китобҳои дарсии методистони рус В.Н.Бернадский, В.Г.Карӣов, Н.В.Сперанская, Н.В.Андреевская, М.А. Зиновев аз фанни методикаи таълими таърих лексияю машщулиятҳои амалӣ бурда, меҳру муҳаббати донишҷӯёнро нисбати таърих бедор намуда, онҳоро дар рӯҳи омӯзгорӣ тарбия менамуданд.

Солҳои 60-70-уми асри XX шумораи мутахассисони баландихтисоси муаррихон афзуданд, номзаду аввалин докторҳои миллӣ Шарифҷон Ахмадов, Усмонҷон Исмоилов, Музаффар Искандаров, Шавкат Охунов, Абдумаҷид Қодиров, Абдураззоқ Турсунов, Назирҷон Турсунов ба камол расиданд. Базаи моддӣ-техникии кафедра бо харитаҳо, схемаҳо, албомҳои ранга дар бораи таърихи маданияти халқҳои СССР, аъзоёни ширкати «Тӯдачаи Тавоно» ва рассомони гурӯҳи «Сайёрагон»(Иван Крамской, Иля Репин, Василий Суриков, Виктор Васнесов, ва диг.) силсилаи асарҳои дар пластинка сабт карда шудани Михаил Глинка, Петр Чайковский, Модест Мусорский, Александр Бородин, Николай Римский, силсилаи портретҳои Шоҳон ва сарлашкарони рус Александр Невский, Дмитрий Донской, Петри I, Екатеринаи II, А.В.Суворов, Д,Ушаков, И.Кутузов, П.Нахимов, В.Истомин, В.Корнилов, М.Скобелев, М.Черняев, К.Кауфман, албомҳо доир ба декабристон, халқчиёни револютсионии солҳои 60-70-уми асри 19, гурӯҳи «Озодкунии меҳнат»(1883), «Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар»(1895), албоми чор қисмаи ҳаракатҳои револютсионӣ ва бисёр дигар аёниятҳои рангоранги техникӣ омода гардиданд, ки онҳо дар такмилу ривоҷи методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносӣ роли муҳим бозиданд.

Дар асоси ин аёниятҳо омӯзиши Методикаи таълими таърих хуб ба роҳ монда шуд. Дар ин ҷода ҳиссаи методистони факултет дотсент (дертар профессор) Шарифҷон Аҳмадов, сармуаллимон У. Ҷаҳонов (солҳои 1966-1974), Мубашир Исҳоқӣ (аз соли 1970), Абдурахим Ҳоҷиев (аз соли 1977) калон аст. Онҳо фанни Методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносиро дар гурӯҳҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва русӣ ба донишҷӯён таълим медоданд. Дар солҳои 60-70 барои ихтисоси Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ (ПваМНО) курси «Таърихи СССР ва методикаи таълими он»-ро дар ҳаҷми 180 соат дар курсҳои III-IV хонда мешуданд, ки онро сармуаллим У.Ҷаҳонов мехонд. Дертар ин предмет ба таърихи Тоҷикистон иваз карда шуд.

Дар соли хониши 1976-1977 кафедраи Методикаи филологияи тоҷику ӯзбек ва таърих таъсис дода шуд, ки мудирии онро дотсент Саидмурод Ҳоҷиев ба зима дошт. Фанни «Методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшитносӣ» ва таҷрибаи омӯзгорӣ аз рӯи ин фан ба фехристӣ фанҳои кафедраи навтаъсис дохил карда шуданд. Аз муаррихон ба ин кафедра дотсент А.Ҳоҷиев ва сармуаллим М.Исҳоқӣ шомил буданд. Ин кафедра 11 сол то соли хониши 1986-1987 арзу вуҷуд дошт. Вақте ки соли 1987 факултети таъриху филология ба ду факултети мустақил - факултетҳои таърих ва филологияи тоҷику ӯзбек ҷудо шуданд, предмети Методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносӣ ба фехристи фанҳои кафедраи навтаъсис - кафедраи Таърихи халқи тоҷик (мудираш профессор Назирҷон Турсунов) дохил карда шуд. Вакте ки кафедраи таърихи халқи тоҷик ба кафедраи умумидонишгоҳӣ табдил дода шуд, фанни методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносӣ ба ихтиёри кафедраи таърихи умумӣ (мудираш проф. Ш.Ахмадов) вогузор гардид.

Дар соли хониши 1989-1990 кафедраи мустақили методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносӣ таъсис дода шуд, ки дотсент А. Бобокалонов мудирии онро ба ӯҳда дошт. Вале ин кафедра аз сабаби суст будани базаи моддӣ- техникиаш дар соли хониши оянда барҳам дода шуд, предмет ва аъзоёни он ба ҳайати кафедраҳои таърихи наву навтарин (1991-1995), мудир- дотсент А. Бобокалонов, ва кафедраи таърихи Дунёи Қадим ва Асрҳои Миёна (мудираш дотсент Д.Деҳқонов) вогузор карда шуданд. Аз соли 1999 то июни соли 2011 предмети «Методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносӣ» ба фехристи фанҳои кафедраи таърихи умумӣ номнавис карда шуд. Хурсандибахш аст, ки бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Щафуров қарори №10 аз 13 июни соли 2011 ва фармони ректори Донишгоҳ бо №117 аз 30 июни соли 2011 кафедраи «Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ» аз нав таъсис дода шуд, ки ин дар ҳаёти илмӣ- омӯзгории факултети таърих ва ҳуқуқ воқеаи муҳим ба шумор меравад. Рушду камолоти ин соҳаи илм ва тайёр намудани омӯзгорони баландихтисос пеш аз ҳама ба фаъолияти чунин кафедра алоқаманд аст.

Дар асоси фармони номбурдаи ректори Донишгоҳ ба феҳрасти фанҳои кафедра, предметҳои зерин дохил карда шуданд. 1. Методикаи таълими таърих 2. Методикаи таълими ҳуқуқ 3. Воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаи таълим 4. Мактабшиносӣ 5. Таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ 6. Корҳои курсӣ 7. Рисолаҳои хатм 8. Аттестатсияи давлатӣ (имтиҳони давлатӣ) Дар асоси банди 2 фармони зикршуда профессор У.Ҷаҳонов иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи навтаъсис ва аз санаи 26.01.2012 мудири кафедраи Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ таин карда шуданд. Аз моҳи январи соли 2013 н.и.т., дотсент, Маҳмудова Н.С. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва аз санаи 1-уми апрели соли 2014 расман мудири кафедра шуда кор карданд. Аз моҳи январи соли 2015 то иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.т., дотсент Раҳматова М.С. ва аз санаи 30.04.2015 бо қарори №11 Маҳмудов Олимҷон Раҳматҷонович мудири кафедраи мазкур мебошанд. Дар кафедра як нафар номзади илм, профессор (У.Љаҳонов), 3 нафар номзади илм, дотсент (О.Маҳмудов, М.Раҳматова, Ш.Ҳошимова,), 2 нафар номзадҳои илм, сармуаллимон (А.Ҳомидов, Н.Тагиров) , 1 нафар муаллим муштараквазифа (Темиров Хушрӯз) ва 1 нафар коргузор Маҳмудова Муҳиба кору фаъолият доранд.

Кафедра дар сатҳи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, љорї намудани усулу технологияи нави таълиму тадрис, нашри китобҳои дарсї воситаҳои ёрирасони таълимї саҳми муносиб мегузоранд. Ҳар як аъзои кафедра мувофиқи нақшаи дурнамои илмӣ татқиқотии кафедра, ки ба масъалаи «Назария ва методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ» бахшида шудааст, фаъолият мебарад. Мақолаю асарҳои илмии онҳо пеш аз чоп дар кафедра муҳокима карда мешаванд. Аъзоёни кафедра ва кураторони гурӯҳҳо дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои сиёсиву фарҳангии миллии ҷомеъ фаъолона иштирок менамоянд. Аз тарафи устодони кафедра барномаҳои таълимӣ, силлабус, барномаҳои корӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ аз фанҳои кафедра таълиф карда шудаанд.