Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

Дар таърихи факултет кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ сараввал соли 1986-1987 таъсис ёфта, сониян ба дигар кафедра пайваст гардид. Минбаъд бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5/5-247 аз 22.01.2016 кафедраи методикаи таълим дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабул гардид. Дар асоси ин қарор кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар назди гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.

Кафедраи мазкур, ки ба он устодону омӯзгорони варзидаи факултет ба монанди дотсент Бойматов А.Б., дотсент Абдуллоева М.А.,сармуаллимон Қурбонова Н.Х., Очилова М.А., муаллимони ҷавони умедбахш Раҳимова Т.Р., Деҳқонова О.К. ва Саъдиева Н.Ф. аъзо мебошанд, бо сарварии мудири кафедра дотсент Ҳошимова Н.М. саҳми худро дар рушду нумӯи илми методика гузошта истодаанд.


Дар тӯли фаъолияти худ кафедраи мазкур аз тарафи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Михайлов А.М., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бойматов А.Б., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобохӯҷаева М.А., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Эшонқулов Б.Х., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Юсупова М.А. роҳбарӣ карда шудааст. Устодони кафедра дотсент Бойматов А.Б., дотсент Абдуллоева М.А. муаллифи якчанд китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва маводи илмӣ мебошанд, ки онҳо дар раванди таълим истифодаи васеи худро ёфта истодаанд. Инчунин, иштироки устодони ин кафедра дар чорабиниҳои таълимии байналмилалӣ назаррас мебошад ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани савияи касбии хеш онҳо дар якчанд конфронсу симпозиумҳо, семинару тренингҳо ба ИМА, Британияи Кабир, Русия, Эстония, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо сафари корӣ кардаанд.

Аъзои кафедра барои тайёр кардани омӯзгорони баландихтисоси забонҳои хориҷӣ такони пурмаҳсуле доранд. Ҷомеаи кафедра мунтазам дар ҷустуҷӯи усулҳои самараноки таълими забони хориҷӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ машғул мебошанд.