Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус

Масъалаи таъсис додани кафедраи мазкур мувофиқи талаботи Вазорати маориф ва илми ҶТ ва тавзеҳоти комиссияи кории санљишӣ дар Шўрои олимони донишгоҳ №5 аз 24.12.2015с. баррасӣ шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва бо фармоиши ректори донишгоҳ №174 аз 22.06.2016с таъсис ёфт. Барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси омўзгорӣ бояд кафедраи методикаи таълими фан фаъолият намояд ва таъсиси кафедраи нав ин як иқдоми хуб дар ин љода мебошад.

Ба феҳрасти фанҳои кафедра фанҳои таълимии методикаи таълими забони русӣ, методикаи таълими забони руси дар мактабҳои миллӣ, методикаи таълими адабиёти рус, методикаи таълими адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, методикаи омодасозии аёният, типологияи муқоисавӣ, машғулиятхои назариявӣ ва амалӣ доир ба усули таълими забон ва адабиёти рус, таљрибаи омўзгорӣ дар мактаб дохил мешаванд. Фанҳои таълимии кафедра барои донишљўёни курсҳои сеюму чорум барои ҳамаи ихтисосҳо пешбинӣ шуда, шавқу завқи онҳоро нисбати забони русӣ бедор мекунад, донишљўёнро бо усулу раванди таълими забони русӣ шинос намуда, маданияти омўзгории онҳоро ташаккул медиҳад. Бо мақсади васеъ кардани љаҳонбинӣ, тарбияи эстетикии донишљўён, самаранок гузаронидани машғулиятҳо муаллимони кафедра шаклҳои гуногуни машғулиятҳо, усулҳои фаъол ва интерактивии таълимро истифода мебаранд. Дарсҳои беруназсинфӣ, аз љумла шабнишиниҳо, озмунҳо, экскурсияҳо, суҳбатҳо дар атрофи адабиёти нави бадеӣ ва ғайра мегузаронанд.

Айни замон, дар кафедра бо сарварии дотсент М.Ф. Камолова дотсентон А.А. Азизов, Р.А. Шаропова, сармуаллимон Д.А.Ахмедова, М.М. Махкамова, Н.И.Шарипова, муаллима А.А. Ёқубова бомуваффақият фаъолият доранд. Устодони кафедра дар мавзўи «Проблемаҳои актуалии методикаи таълим» корҳои илмӣ- тадқиқотӣ мебаранд. Аз тарафи устодони кафедра дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ тартиб дода шуда ба табъ расиданд. Дар назди кафедра маҳфилҳои илмии донишљўён ба монанди «Молодой учитель», «Педагогическая мастерская» фаъолият доранд. Кафедра бо мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳо бевосита ҳамкорӣ мекунад.