Кафедраи технология ва методикаи таълими он

Телефон для справки

Кафедраи технология ва методикаи таълими он Соли 1957 дар факултети физика-математикаи ДДОЛ ба номи С.М Киров кафедраи асосҳои истеҳсолот таъсис дода шуд. Ҳайати омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ дар соли нахустини таъсисёбии кафедра аз 8 нафар иборат буд. Сарварии кафедра ба зиммаи дотсент П. А. Маленко- олим, омӯзгор ва инсони наҷиб гузошта шуд. Дарсҳои назариявиро сармуаллимон Дураков А.И. ва Мелихов Л.И. ва машғулиятҳои амалиро устодони соҳибҳунар Пекшев С.М., Дураков В.И. ва Дураков И.Н. мегузарониданд.


Солҳои 1961-71 вазифаи сарварии кафедра ба зиммаи устоди соҳибҳунар Дураков А.И. вогузор карда мешавад. Дар ин солҳо кафедраи асосҳои истеҳсолот аз ҳисоби аввалин хатмкунандагон- Аҳмадов Д., Раҷабов Ҷ., Усмонов Ҳ., Камолов М. пурқувват мегардад. Соли 1971 сарварии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Антонов В.А. гузошта шуд.

Сарварии кафедраи асосҳои истеҳсолот солҳои 1976 то 1987 ба ўњдаи сармуаллим Камолов М. гузошта шуда, дар ин солҳо бо роҳбарии номбурда раванди таълим тадриҷан рӯ ба ривоҷ овард. Бо ташаббуси номзади илмҳои кимиё, дотсент Худойбердиев В. Ғ. ва сармуаллим Аҳмадов Д. аввалин маротиба дар асоси шартномаи хоҷагидорӣ бо Пажӯҳишгоҳи кимиёи АИ Тоҷикистон лаборатория илмӣ-тадқиқотии усули ҳосил намудани хӯлаҳои металлҳои ранга таъсис дода шуд, ки он барои баланд бардоштани савияи касбии муаллимони ҷавон, омода намудани онҳо ба таҳсили аспирантура ҳиссаи назаррас гузошта буд.

Солҳои 1987-1992 сарварии кафедраи асосҳои истеҳсолот ба зиммаи хатмкунандаи факултет, олими ҷавон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шамсиев Р. гузошта шуд. Соли 1992 бо ташаббуси Шамсиев Р. дар факултет аввалин маротиба дар љумҳурӣ барои духтарон ихтисоси меҳнати рӯзгордорӣ ташкил карда шуд. Аз соли 1988 кафедра фаъолияти худро дар бинои таълимии навбунёди маҳалли 20- уми ш. Хуҷанд оғоз намуд. Соли 1988 кафедра “Асосҳои истеҳсолот ва услуби омӯзиши таълими меҳнат” номида шуд.

Соли 1992 дар асоси факултети физика факултети нав-бунёди техникӣ таъсис дода шуда, дотсент Шамсиев Р. М. декани факултет таъин гардид. Вазифаи мудирии кафедраи асосҳои истеҳсолот ва услуби омӯзиши таълими меҳнат ба зиммаи дотсент Назаров Р. гузошта шуд. Моҳи январи соли 1994 аз ҳисоби ин кафедра, кафедраи механизатсияи истеҳсолоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ ташкил карда шуда, ба вазифаи мудирии он дотсент Шамсидинов М. таъин карда шуд. Соли 1996 ин кафедраҳо аз нав муттаҳид карда шуда, дар заминаи онњо кафедраи асосҳои истеҳсолот бунёд шуд. Бо мақсади мувофиқ намудан ба стандартҳои умумибашарии маълумоти олӣ аз моҳи июни соли 2002 кафедра номи “Технология ва соҳибкорӣ”-ро гирифта, баъдан аз моҳи ноябри соли 2011 он номи дигар-“Технология ва методикаи таълими он”-ро соҳиб шуд. Дар кафедра дар айни замон омӯзгорони пуртаҷриба профессор Азизов А.А., дотсентон Назаров А., Шамсидинов М., Қӯзиев М., Нуриддинова М.И., Раҳимов С., Дадобоева М.А., Шамсиддинов Ш., Дадобоева М.Н., Турсунов С., Юсупов З., Юсупова Д., Неъматов Л.Х., сармуаллимон Мамадҷонов Н., Бобоҷонова Ш., Шамсиева А. ва дигарон фаъолият намуда истодаанд.

Солҳои охир устодони кафедра дар самти корҳои илмӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд ва теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ аз чоп баромаданд. Бо қалами дотсентон Азизов А., Нуриддинова М. ва Раҳимов С. якчанд китоби дарсӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҶТ чоп гардиданд. Дотсент Нуриддинова М. бахшида ба Рӯзи навоварон ва ихтироъкорон бо Ифтихорномаи Раиси вилоят сарфароз гардонида шудааст. Аз рӯи нишондиҳандаҳои корҳои илмӣ дар соли 2011 дотсентон Азизов А., Нуридинова М. И., ва Раҳимов С. “Олими сол”- и факултет интихоб карда шуданд. Аз моҳи январи соли 2015 бо фармони ректори донишгоҳ кафедра бо факултети рассоми графикӣ ҳамроҳ шуда, номи “Санъати тасвирӣ ва технология”- ро гирифт. Соли 2016 ба кафедра аз тарафи раиси вилояти Суғд мӯҳтарам А. Қодирӣ ба таври ройгон барои беҳтар намудани раванди таълим ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ 1 дастгоҳи гилембофӣ ва 1 дастгоҳи адрасбофӣ тӯҳфа карда шуд. Аз моҳи марти соли 2016 мудирии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Неъматов Л.Х. гузошта шуд. Соли 2016 дар миқёси Донишгоҳ кафедраи мазкур ҷои дуюм ва соли 2017 дар миқёси кафедраҳои дақиқи Донишгоҳ ҷои аввалро сазовор гардид. Вазифаи мудирии кафедраи мазкурро тӯли чандин сол шахсони зерин иҷро намудаанд: П.А. Маленко (1957-61), А.И. Дураков (1961-71), В.А. Антонов (1971-1976), М. Камолов (1976-1987), Р. Шамсиев (1987-1992), А. Назаров (1992-1996), М. Шамсиддинов (1996-1998), Р. Шамсиев (1998-2009), Ш. Шамсиддинов (2009-12), А. Азизов (2012-2016), Л. Неъматов (аз моҳи феврали соли 2016).