Департамент по кадрам и специальным вопросам

Телефон для справки

Сиёсати кадрӣ муҳимтарин ва асоситарин самти фаъолияти давлат ба шумор рафта, он дар тадбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин функсия ва вазифаҳои давлат нақши калидиро мебозад. Он маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад. Ин сиёсат бояд аз мақомоти олии давлатӣ шурӯъ шуда, то ба зинаҳои пасттарини ташкилоту муассисаҳо рафта расад.

Дар навбати худ, татбиқи дурусти он ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар назди он гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл намояд. Шуъбаи кадрҳо аз аввали таъсисёбии донишгоҳ фаъолияти худро оғоз намуда, дар самти пешбурди фаъолияти шуъбаи кадрҳо кормандони зерин дар солҳои гуногун фаъолият доштанд- Гаранина Таисия Иванована, Дячкова Любовь Михайловна (1980-1995), Каменева Нина Ивановна (1995-2004), Усмонова Норинисо Ҷабборовна(1996-2005), Менсаитова Алие Аблякимовна (1995-2004), Сатторов Абдунабӣ (11.2004- 01.2005), Саидов Ҳайдар Раҳматович – (01.2005-10.2005), Бобоев Расул Ҳалимович (2005-2009), Бобоҷонова Муҳайё Зоидбоевна (2009-2011).

Шуъбаи кадрҳо аз соли 2013 фаъолияти худро бо номи Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус такмил ёфта, аз моҳи сентябри 2017 дар ин замина Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус уновн гирифт.

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” қисми таркибии Донишгоҳ ба шумор рафта, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи раёсатро ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои онҳоро назорат мекунад. Раёсати мазкур вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ – идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ
  • ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ
  • ёрӣ расонидан ба раёсати Донишгоҳ дар мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ – меҳнатӣ ва риояи қонунгузории меҳнат
  • ба расмият даровардан (қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандони Донишгоҳ) фармоишҳои ректори донишгоҳ, инчунин омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон ба вазифаҳое, ки дар ваколати органҳои болоӣ қарор доранд ва аз тарафи онҳо тасдиқ мешаванд
  • ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ ашхоси ёрирасони корҳои таълимӣ ва маъмуриву хоҷагидорӣ
  • омода намудани ҳисоботи омории ҳайъати кадрии Донишгоҳ ва такмили ихтисоси онҳо
  • иштирок дар кори комиссияи тарификатсионӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи фармоишҳои дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандони Донишгоҳ
  • иштирок дар комиссияи аттестатсионӣ
  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд
  • омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо
  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони Донишгоҳи таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо иттифоқи касаба
  • омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони Донишгоҳ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.

Вобаста ба шумораи кормандон ва донишҷӯён ва ҳаҷми кор дар назди раёсат бахшҳои ҷудогона фаъолият мебаранд:

  1. Шӯъбаи донишҷӯён
  2. Бахши диплом
  3. Бахши бойгонӣ

Дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ва бахшҳои ҷудогонаи он имрӯз кормандони зерин фаъолият доранд:

Ному насаб

Соли таваллуд

Вазифа

Оғози фаъолият дар вазифаи нишондодашуда

маълумот

РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУС

1.

Ашрапова Заррина Негматҷоновна

16.08.1977

Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Аз соли 2011

олӣ

2.

Ҳусейнова Заррина Сайдуллоевна

14.10.1970

Мутахассиси пешбар

Аз соли 2006

олӣ

3.

Додохонова Фотима Мансурҷоновна

06.02.1979

сарнозир

Аз соли 2017

олӣ

ШУЪБАИ ДОНИШҶӮЁН

1.

Бобоева Бимарям Мирзовоҳидовна

09.02.1967

Мудири шуъба

Аз соли 2017

олӣ

2.

Мирзоева Ҷумагул Ҳусейновна

03.07.1964

Сарнозири шуъба

Аз соли 2011

олӣ

3.

Тоҳирова Тахмина Саидғаниевна

11.08.1981

Нозири шуъба

Аз соли 2002

олӣ

4.

Абдуллоева Нигора Дадоҷоновна

25.01.1981

Нозири шуъба

Аз соли 2011

олӣ

5.

Маърупова Мунира Муҳаммадҷоновна

14.11.1970

Нозир-оператор

Аз соли 2017

олӣ

БАХШИ ДИПЛОМ

1.

Дониёров Ҷамшед Музаффарович

04.05.1969

Мудири бахш

Аз соли 2017

олӣ

2.

Мамадҷонова Муҳаббат Дадоҷоновна

11.03.1988

Сарнозири бахш

Аз соли 2018

олӣ

3.

Почоева Сурайё Зикруллоевна

01.10.1973

Чопкунандаи дараҷаи 1

Аз соли 2015

олӣ

4.

Азимова Умеда Абдумавлоновна

08.09.1989

Чопкунанда

Аз соли 2017

олӣ

5.

Нарзиева Дилфуза Сайдалиевна

10.03.1991

Оператор

Аз соли 2017

олӣ

БАХШИ БОЙГОНӢ

1.

Мирҷамолова Муҳайё Миркамоловна

15.08.1971

Мудири бахш

Аз соли 2015

олӣ

2.

Алимова Маҳбуба Адиловна

18.10.1946

Нозир

Аз соли 2012

олӣ

3.

Холматова Роҳат Абдураззоқовна

14.06.1992

Масъули бойгонӣ

Аз соли 2017

олӣ