Отдел практики
Руководитель
Телефон для справки
Шуъбаи таҷрибаомўзӣ аз соли 1934 фаъолият дорад. Дар миқёси вилояти Суғд МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” ягона муассиаи таҳсилоти олии касбист, ки асосан ба тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ машғул буда, рисолати таълиму тарбияти фарзандони ояндасозро доро аст. Бояд зикр намуд, ки шӯъбаи таҷрибаомӯзии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” дар давоми чандин даҳсолаҳои фаъолияташ бисёр корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, баҳри баланд бардоштани донишу малакаи толибилмон кӯшиш менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки тамоми омӯзгорони миқёси вилоят ва берун аз он, ки ин махзани илму маърифатро хатм намуда, ба муассисаҳои таълимӣ раҳсипор гардидаанд, аввалин таҷрибаи хешро дар назди ҳамин шӯъба ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ба танзим дароварда, дар МТМУ онро идома медиҳанд.
Дар солҳои мухталиф Ҳакимова Э.В., Юнусов А.Ю., Мироватов М.С., Қўзиев М.А., Пўлотов Н.Н., Бобоев Р.Ҳ., Шарипова Г.Ш. мудирии шуъбаи мазкурро ба зимма доштанд. Аз санаи 29 майи соли 2012 дар мувофиқа бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон номи “Шуъбаи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ” ба“Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон” иваз карда мешавад. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 26.02.2021, таҳти № 7 “Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон” ба ду шуъбаи алоҳида- “Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ” ва “Шуъбаи мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисос” табдил дода шуда, мудирии шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ба зиммаи н.и.ф, дотсент Пӯлотов Н.Н. вогузор мешавад. Фаъолияти шўъба асосан бо муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ алоқаманд буда, бо шартномаи тарафайн фаъолият мебарад. МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҷрибаомӯзии педагогиро дар асоси шартномаи муштараки ҳамкорӣ ва нақшаи таълимии ихтисосҳодар ҳамкорӣ бо МТМУ шаҳру навоҳӣ ба роҳ монда, дар асоси шартнома бо 48 муассисаи таълимӣ ва томактабии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла бо 29 МТМУ, 12 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, 1 коллеҷ, 6 муассисаи томактабӣ,23муассисаи таълимии ноҳияи Б.Ғафуров, аз ҷумла бо 21 муассисаи таълимӣ, 2 МТҒ ва 2 муассисаи таълимии ноҳияи Ҷ.Расулов, 1 муассисаи таълимии ш.Истаравшан, дар маҷмӯъбо 74муассисаҳои таълимӣҳамкорӣ намуда,барои беҳбудии раванди таҷрибаомӯзӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Алҳол дар асоси дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2017, №1/16 тасдиқ шудааст, раванди таҷрибаомўзӣ дар донишгоҳ бо равиши нав роҳандозӣ шуда, таҷрибаомӯзии педагогии донишҷўёни шуъбаи рўзона ва ғоибонаи ихтисосҳои омўзгории донишгоҳ мувофиқи нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Афзун ба ин, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҷрибаомўзии омўзгорӣ тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №05/5-247 аз 22 январи соли 2016 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва навоҳии Б.Ғафуров 16 пойгоҳҳои таълимӣ ташкил карда шудааст. Мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ 12 намуди таҷрибаомўзӣ (таҷрибаомўзии таълимӣ, таълимӣ- саҳроӣ, таълимӣ-лабораторӣ, пленерӣ, этнографӣ, рўзноманигорӣ, фолклорӣ, шевашиносӣ, археологӣ, истеҳсолӣ, сайёҳӣ, омўзгорӣ) ба роҳ монда шудааст. Таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимӣ асосан баъд аз сессияи санҷишу имтиҳоноти тобистона бо фармоиши ректори донишгоҳ дар 17 факултетҳои Донишгоҳ дар моҳҳои июн, июл гузаронида мешавад. Таҷрибаи таълимӣ-истеҳсолии донишҷӯён яке аз муҳимтарин қисмҳои омоданамудани мутахассисони баландихтисос ба шумор рафта, он дар корхонаҳою муассисаҳои номдор ва ташкилотҳои гуногуни хоҷагии халқ, фарҳанг, маориф ва дигар муассисаҳои идоракунии давлат гузаронида шуда, омодагии назариявии донишҷӯёнро бо фаъолияти амалии онҳо таъмин сохта, барои фаъолияти касбии эшон мусоидат менамояд. Он барои пайдо гардидани маҳорат, малакаи касбӣ ва пайдо сохтани таҷрибаи фаъолияти амалӣ дар донишҷӯён имкониятҳои заруриро фароҳам меоварад. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои дар нақшаи таълимии ихтисосҳо нишондодашуда, мудирони кафедраҳои дахлдор ҷои таҷрибаомӯзии ҳар як донишҷӯро вобаста аз ҷои зист, тибқи шартномаи ҳамкорӣ муайян намуда, пеш аз оғози он, муҳассилинро бо барномаи таҷрибаомӯзӣ ва супоришномаи инфиродии мураттабгардида таъмин карда, ба ҳамаи донишҷӯён роҳхат ва нусхаи фармоиш ба унвони роҳбарони корхонаҳою ташкилотҳо оид ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ дода мешавад. Роҳбарияти факултетҳо, мудирони кафедраҳои дахлдор ва мутахассисони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ раванди таҷрибаомӯзиро назорат менамоянд. Таҷрибаомӯзон ва роҳбарони гурӯҳҳо аз ҷониби донишгоҳ бо “Рӯзномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ” ва “Дафтари қайди чорабиниҳо” таъмин карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки имрӯз аз рӯйи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ донишгоҳ беш аз 101 корхона, ташкилот, муассисаҳои давлатӣ, ғайридавлатии шаҳру навоҳӣ, нашрияҳо, ВАО-и вилояти Суғд ҳамкории судманд дорад.
Айни ҳол кормандони шӯъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ, ки ҷузъи сохтори раёсати таълими донишгоҳ маҳсуб меёбад, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”,“Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ”, “Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (19/24, 30.12.2016), «Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№1/16, 28.01.2018), “Оинномаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, фармоишҳои ректори Донишгоҳ, ойинномаи донишгоҳ ва қарорҳои Шӯрои олимон ба роҳ монда, дарпартависиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарамЭмомалӣРаҳмонбаҳри баланд бардоштани сифат ва самаранокии таҷрибаомӯзӣдар донишгоҳ,кигаравидар оянда баланд бардоштани сифату самаранокии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маҳсуб меёбад, саъйи бориз намуда истодаанд.
Телефон барои маълумот: + 992 (3422) 65745