Кафедраи умумидонишгоҳии информатика

Телефон для справки

Кафедраи умумидонишгоҳии информатика аз моҳи ноябри соли 2014 фаъолият дорад. То солҳои 2014 кафедра бо факултетҳои физика ва техника, математика ва кибернетика дар якҷоягӣ амал менамуд. Аз соли 2014 кафедраи мазкур аз ҳайати факултетҳо људо шуда, мустақил гардид. Сарварии кафедраро аз рӯзи ташкилёбӣ то моҳи октябри соли 2015 яке аз устодони пуртаҷриба, математик, дотсент Абдуллоев Абдуҷабор ба зимма дошт. Дар давраи роҳбарии ин марди наҷиб ва ташкилотчии беҳамто дар кафедра корҳои назаррас ба иҷро расиданд. Ҳамаи синфхонаҳо бо тахтаҳои интерактивӣ, проектор ва компютерҳо пурраҷиҳозонида шуда, ба шабакаи интернет пайваст гардиданд.

Аз соли 2015 то ҳол сарварии кафедраро дотсент Аҳмедов Ҳусенбой Маҷидович ба ӯҳда дорад. Дар солҳои роҳбарии Аҳмедов Ҳусенбой Маҷидович нерӯи илмию таълимии кафедра пурқувват шуда, сифати тайёр кардани кадрҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ беҳтар гардид. Кафедра дар соли хониши 2015-2016 дар озмуни “Кафедраи беҳтарин“-и донишгоҳ ширкат варзид. Барои беҳдошти сифати таълим, корбасти навгониҳои илмию методӣ, усулҳои фаъолу муосир ва такмили технологияи раванди таълим, комёбиҳо дар ҷодаи баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ, ташаккули дараҷаи фаъолнокии донишҷӯён ҳамчун ғолиби ҷойи 1-ум дар бахши фанҳои дақиқ бо ҷоизаи озмуни умумидонишгоҳии “Рушди сифати таҳсилот” сарфароз гардонида шуд.


Дар кафедра баҳри таълиму тарбия устодони варзидаи соҳаи технологияҳои информатсионӣ,техникаи ҳисоббарор ва воситаҳои техникии аудиовизуалии таълим фаъолият мебаранд. Дар байни онҳо олимони намоён ба монанди номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуллоев Абдуҷабор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳмедов Ҳусенбой Маҷидович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Юсупова Фирӯза Алиевна, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдуллоева Маҳфуза Абдуҷаборовна, номзади илмҳои педагогӣ дотсент Шамсидинов Хуршед Мӯминович, номзади илмҳои педагогӣ Каримов Илҳом Исмоилович, сармуаллимон Юнусова Умрӣ Мирҳофизовна, Набиева Мақсатой Абдусатторовна, Бақоева Муқаддам Ҳабибовна, Рӯзимуродов Абдулҳай Азимбоевич, Икромова Инобат Умарбоевна, Аҳмадбекова Мадинахон Ғайбуллоевна, Дадоҷонов Бобоҷон Ёқубҷонович, муаллимон Норбобоев Маъруфҷон Олимович, Тӯйчиев Анварҷон Махмудҷонович, Шерматов Ҷавлон Алиқулович, Абдуллоева Шаҳноза Абдуҷаборовна, Ишонова Сабрина Рустамовна, Бобоҷонова Олия Самадовна, Ҳасанова Махфират, Аҳмедов Абдумаҷид Ҳусенбоевич, Исомаддинова Фарзонахон Маҳмудҷоновна, мудири лаборатория Абдураҳимов Диловар Абдусатторович ва коргузори кафедра Сулейманова Наима Рустамовна фаъолият бурда, барои тайёр намудани муттахасисони дараҷаи олии соҳаи маориф ҳиссагузорӣ менамоянд. Тамоми устодони кафедра дар соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ-комуникативӣ фаъолона тадқиқот ба роҳ мондаанд. Омӯзгорони кафедра дар конференсияҳои дохилӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, аз корҳои илмӣ-тадқиқиашон дар мавзӯъҳои гуногун суханрон мекунанд. Дар кафедра ба базаи моддӣ-техникӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ҳамаи синфхонаҳо бо компютерҳо ва воситаҳои техникӣ таъмин буда бо шабакаи интернет пайваст мебошанд.


Дар кафедра семинарӣ илмӣ-методӣ ва илмӣ-назариявӣ ҳар моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Дар он муаллимони пуртаҷриба, аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра суханронӣ карда, аз корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон ба иштирокчиёни семинар маълумот медиҳанд.Дар кафедра таҳти роҳбарии дотсент Аҳмедов Ҳ. М. маҳфили “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” амал мекунад, ки барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии шогирдон равона шудааст. Дар кафедра ба тайёр кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ диққати хос дода, дар мавзӯи “Ташаккули фаъолияти инноватсионӣ дар макотиби олӣ дар асоси интернет-лоиҳаҳо” тадқиқоти илмӣ бурда шуда истодааст. Устодони кафедра дар баробари фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми шоиста мегузоранд.