Кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

Телефон для справки

Кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ моҳи сентябри соли 2000 дар заминаи кафедраи грамматика ва типологияи муқоисавии забони англисӣ ва модарӣ, ки моҳи сентябри соли 1999 фаъолияташ қатъ гардид, ташкил шудааст. Дар тўли ин солҳо роҳбарии кафедраро дотсент Бобохўҷаева М.А, сармуаллимон Каримова Д.А., Қурбонова Н.Х., профессор Усмонов К. ва дотсент Юсупова М.И. ба уҳда доштанд. Аз моҳи июли соли 2016 то инҷониб вазифаи мудири кафедраи мазкур ба дўши номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ибрагимова Р.А. гузошта шудааст.

Кафедраи мазкур аз фанҳои «Грамматикаи амалӣ», «Грамматикаи назарӣ», «Тпологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», «Назария ва амалияи тарҷума», «Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ» ва ғайраҳо ба донишҷўёни солҳои I–IV таълим медиҳад. Кафедра дар тарбияи тарҷумонони оянда саҳми назаррас дошта, тўли солҳои фаъолият барои таълим бо истифода аз усулҳои самарабахш ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳа кўшиши зиёд ба харҷ дода истодааст. Устодони кафедра дар самтҳои гуногуни такомули ҷараёни таълиму тарбия саъй намуда, ҳамзамон корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд. Солҳои охир кафедра ба комёбиҳои назарраси илмию таълимӣ ноил гардида, омўзгорони кафедра Юсупова М.И., Ибрагимова Р.А., Усмонова М.Э., Ҳомидова М.Н. ва Усмонова М.Н. рисолаҳои номзадии худро таҳти роҳбарии профессор Усмонов К. дифоъ намуданд. Инчунин бештар аз сад мақолаи илмӣ, дастурҳои таълимӣ, даҳ китоби дарсӣ, ки як зумраи онҳо бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст, аз тарафи устодони кафедра ба чоп расонида шудаанд.


Инчунин, дар кафедра сармуаллимон Мирзомуротова М.Б., Холов С. С., Турсунова Ш.А., Мўминова Д.В., Файзуллоев Ф.У. ва омўзгорони ҷавон Ҳомидова Д.И., Ғиёсова С.Ғ., Солиева Т.Н., Заҳурзод М., Бердиева Х.А., Усмонова Р.Р. фаъолият мебаранд. Ғайр аз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимиву методӣ аъзоёни кафедра дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолияти назаррас доранд. Якчанд устодони кафедра таҷрибаи байналмилалии таълимӣ дошта, дар чандин донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо Амрико ва Осиё таҳсил ва табодули таҷриба намуда, дар конфронсу семинар ва тренингу нишастҳои илмиву таълимӣ ширкат варзидаанд. Масалан, дотсенти кафедра Юсупова М.И. ба Донишгоҳи Таллини Ҷумҳурии Эстония, сармуаллимаи кафедра Ҳомидова М.Н. ба Донишгоҳи Линес воқеъ дар шаҳри Векшеи Шветсия, сармуаллими кафедра Холов С.С. ба донишгоҳҳои Сити, Бристол, Оксфорд, Кембриҷи Донишкадаи омузгории Лондон ва Маркази тадқиқоти тамаддуни исломии Британияи Кабир, Донишгоҳҳои Ню Йорк, Вашингтон, Чикаго, Браун, Ҳарвард, мактаби Ҷон Маршал, коллеҷи Род Айленди ИМА, Донишгоҳи Билгии Туркия, Донишгоҳи омузгории Лудвисбурги Олмон, Донишгоҳи Маҷористон, саромўзгори кафедра Файзуллоев Ф.У. ба Донишгоҳи Таллини Ҷумҳурии Эстония сафарҳои илмиву таълимӣ намуданд. Омўзгорони кафедра дотсент Ибрагимова Р.А., номзади илмҳои филологӣ, сармуаллима Ҳомидова М.Н., сармуаллимон Файзуллоев Ф. ва Мӯминова Д. иштирокчии лоиҳаи English Teacher Mentor Programme, ки аз тарафи сафоратхонаи Амрико ташкил шудааст, мебошанд.