Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
Управляющий кафедрой
Телефон для справки
-
- +992929010101
- Телефон
-
- ДДХ
Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар давраҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1942) таъсис ёфтааст. Поягузорони ин кафедра Морозовская М. Б. ва Алексеева Н. А. буда, дар пайравии онҳо дар давоми ин солҳо Панусянс А. С., Храмова В. М., Соловёва А. Н., Бобоев Э. Б., Раупов М., Ҳасанова В. В., Усмонов К., Тошматова Н. С., Зикриёева М. В., Шарипов К. К., Алимухамедова Н. Т. роҳбарии кафедраро дар ӯҳда доштанд. Дар айни замон вазифаи мудири кафедраи мазкур ба дӯши номзади илмҳои филологӣ Сангинова Ш.А. гузошта шудааст.
Аз тарафи устодони кафедра ду монография, дастури таълимӣ-методӣ, мақолаҳои илмиву фишурдаҳо ба нашр расонида шуданд. Устодони кафедра низ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта истодаанд. Ҳамагӣ дар кафедра 3 номзади илм, 10 саромӯзгор ва 12 омӯзгор фаъолият доранд. Ҳамаи онҳо барои ба амал татбиқ намудани дигаргуниҳои ҷиддие, ки имрӯз дар соҳаи маориф ба назар мерасад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва фаъолияти илмию тадқиқотиро пешаи худ кардаанд.
Бо шарофати Истиқлолият ва дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷриба ва анъанаҳои беҳтарини худ такя намуда, ҳоло низ ҳайати устодон ва кормандони факултет чун ҳарвақта барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва пурқувват намудани ҷараёни таълиму тарбия заҳмат кашида истодаанд ва хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳо дар факултет ҳамаи шарту шароитҳо, иқтидори зеҳнӣ ва моддиву техникӣ мавҷуд мебошад.