Усмонов Акмалҷон Акбарҷонович
- Должность:
- Муаллими сол
Усмонов Акмалҷон Акбарҷонович соли 2017 дар озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол - 2017» дар самти фанҳои дақиқ барои гирифтани ҷои дуюм мушарраф гардидааст. Усмонов А.А. 1-уми апрели соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Соли 2006 баъд аз хатми бомуваффақияти МТМУ № 9 ба номи Н.Ҳувайдуллоев ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултети физикаю техника дохил шуда, онро соли 2011 бо ихтисоси муҳандис- систематехник бо дипломи аъло хатм намудааст.
Соли 2007 ба ҳайси лаборант дар кафедраи электроникаи факултети физикаю техника фаъолияти кориашро оғоз намуд. Солҳои 2010 – 2012 вазифаи раиси созмони ҷавонони факултетро бар дўш дошт.
Соли 2011 баъди хатми Донишгоҳ аз вазифаи лаборанти кафедра ба вазифаи ассисенти кафедра гузаронида шудааст. Муҳаббати самимӣ ба Ватан ва ҳисси масъулият ўро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст ва дар тўли як сол қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овардаст. Баъд аз бозгашт аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ боз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултети физикаю – техника дар кафедраи электроника ҳамчун муаллим фаъолияти меҳнатии худро идома дод.
Шавқи афзун ба омўхтани илми муосир ўро водор намуд, ки соли 2017 мавзўи«Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар мактабҳои олӣ» - ро интихоб ва бо роҳбарии профессорон Исломов О. ва Тошхўҷаев Ҳ. дар Шўрои олимони Донишгоҳ тасдиқ намояд. Усмонов Акмалҷон ҳамасола бо маърўзаҳои тозаи илмӣ дар конфронси донишгоҳии устодон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок ва суханронӣ карда, борҳо сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Соли 2013 ба узвияти Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистонпазируфта шудааст.
Усмонов А. барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти хуби таълимӣ борҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва садорати факултети физикаю техника бо ифтихорнома ва раҳматнома сарфароз гардонида шудааст.