Кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт

Телефон для справки

Кафедраи физикаи умумӣ фаъолияти худро бо баробари кушода шудани донишкада оғоз намуда ҳамчун бахши физикаю математика ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани раванди таълим, комиссириати маорифи халқи ҷумҳурӣ, бо фармони худ аз 31-уми декабри соли 1935 якчанд кафедраи нав, ки дар қатори онон кафедраи физика низ буд, иҷозат дода шуд. Соҳои гуногун роҳбарии кафедраро дотсент Худойбердиев А., профессор Пупырников А.Н., профессор Землянов А., Маленко П.А., профессор Б.М.Яновский, 1948-1952 профессор Осимӣ М.С. 1948-1956 профессор Маркович Н.З., 1956-1964 муаллими хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Ҳомидов Т.Ҳ., 1970-1980 дотсент Неъматуллоев Хоҷӣ-Умар профессор Султонов У., профессор Умаров М., профессор Саидов Ҳ.Р., профессор Абдуманонов А. бар дӯш доштанд. Аз соли 2014 роҳбарии кафедра ба дўши номзади илмҳои физика- математика, дотсент Валиев Р.М. вогузор карда шудааст.


Дар кафедра аз солҳои 80-ум cap карда таълими курси махсуси физикаи ҷисмҳои сахт ба роҳ монда шудааст, ки он ба сифати фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯёни ихтисоси физика таълим дода мешавад. Дар курсҳои махсус ва лабораторияҳои он донишҷӯён бо проблемаҳои физикаи муосир махсусан физикаи ҷисмҳои сахт, ки яке аз самтҳои тез тараққикунандаи физика ба шумор меравад, шинос мешаванд ва ба онҳо маълумотҳои илмӣ дода мешуданд. Дар кафедра бо мақсади шинос кардани донишҷӯёни курсҳои боло бо проблемаҳои физикаи муосир, таклиф кардани олимони номӣ барои хондани лексия ва курсҳои махсус анъанаи хуб шудааст. Тайи солҳои гуногун олимон-профессорон Регел В.Р., Слутскер А.И., Лексовский А.М. Куксенко B.C., Вегтегрен В.И., Тамуж В.П., Капитса С.П., Тӯйчиев Ш.Т., Ҳакимов Ф.Х. ва дигарон ба кафедра даъват карда шуда. ба муаллимону донишҷӯён лексияҳои пурмазмун хондаанд. Натиҷаи он аст, ки гузориши корҳои илмии донишҷӯён ва устодони кафедра дар савияи баланд воқеъ буда борҳо дар донишгоҳ қадр карда шудааст. Аз ҷумла, борҳо кафедра аз рӯи нишондодҳои корҳои таълимӣ ва илмӣ- тадқиқотӣ дар донишгоҳ беҳтарин шуморида шудааст. Профессор Абдуманнонов А. соли 2006 ва профессор Муртазоев Ҳ,. солҳои 2009, 2010, 2016 сазовори ҷоизаи «Олими сол»-и донишгоҳ, дотсент Шерматов М. дар озмуни ихтироъкорони вилоят ва ҷумҳурӣ (2006, 2013, 2014) иштирок вазида соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд.

Бо иқдоми раёсати донишгоҳ, лабораторияҳои таълимии кафедра бо мизҳои лаборатории замонавӣ ҷиҳозонида шуданд. Инчунин ба ҳама синфхонаҳо ва лабораторияҳо бо таҳтаи электронӣ, проекторҳо таъмин карда шуданд. Потенсиали илмӣ-педагогии кафедра дар талоши он аст, ки гузориши корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ боз ҳам баланд ва ҷавобгўи талаботи замон бошад.