Кафедраи Варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ
Управляющий кафедрой
Телефон для справки
-
- +992927669661
- Телефон
-
- ДДХ
Кафедраи “Анатомия, физиологияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ” 27августи 1960 с. бо қарори Вазорати маорифи ҶТ дар назди ДДОЛ ба номи С.М.Киров дар асоси курси “Мудофиаи гражданӣ” бо номи “Кафедраи асосҳои дониши тиб ва мудофиаи гражданӣ” ташкил карда шудааст. Дар ин солҳо И.И.Гришкин курсҳоро роҳбарӣ карда, Е.Н.Кривошеева ҳамчун сармуаллима ва М.И.Гладышев чун муаллими кафедра фаъолият мебурданд. Соли 1973 кафедра ба кафедраи “Мудофиаи гражданӣ” тағйир дода шудааст. Дотсент З.Ш.Шарипов мудири кафедра таъин шуда то соли 1994 ин вазифаро иҷро намудааст. Соли 1989 номи кафедра ба “Кафедраи асосҳои дониши тиб” тағйир дода шудааст. Аз соли 1995 вазифаи мудири кафедраро то соли 2004 дотсент С.А.Умарова иҷро кардааст. Аз соли 2004 вазифаи мудири кафедраи “Анатомия, физиологияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ” дотсент Обидова М.Д. мебошанд. Дар асоси фармони ректори донишгоҳ кафедраи “Анатомия, физиологияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ” барҳам дода шуда дар заминаи он кафенраи мудофиаи гражданӣ таъсис дода шуда вазифаи мудири кафедраро дотсент Хидиров ҳуқуқ ба ӯҳда дорад. Аз соли 2011 кафедра бо номи “Кафедраи анатомия,физиологияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ” дар ҳайати факултети тарбияи ҷисмонӣ фаъолият мекунад.