Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

Телефон для справки

Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дар ДДОЛ ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) соли таҳсили 1975-1976 ба шакли муттаҳида бо шӯъбаҳои забону адабиёти тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва таърих таъсис ёфта буд.


Аввалин мудири кафедра дотсент Ҳоҷиев Саидмурод таъин шуда, то соли 1986 ин вазифаро адо намудааст. Аъзоёни аввалини нн кафедра дотсентон Ваҳҳобов А., Ҳоҷиев С, Орифӣ, сармуаллим Давронов Абдулло, Эшонқулов Халил, Ҳоҷиев Абдураҳим ва Исҳоқӣ Офоқхон буданд. Аз соли 1986 ба вазифаи мудири кафедра дотсент Мақсудов Т. интихоб гардид. Аз соли 1991 ин кафедра методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик унвон гирифт.

Аз соли 1993 то соли 1995 дотсент Мавлонов А. мудири кафедраи мазкур буд.

Соли 1996 кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт бо кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷик якҷоя карда шуд ва то соли 1998 мудири он Ҳоҷиев С. буд. Аз соли 2000 ба вазифаи мудири кафедра профессор А. Абдуқодиров интихоб гардид ва унвони кафедра тағйир дода шуда, кафедраи услубиёт ва маданияти нутқ ном гирифт.

Моҳи сентябри соли 2010 бо супориши Комиссияи аттестатсионии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик аз ҳайати кафедраи услубиёт ва маданияти нутқ ҷудо шуда, ба ҳайси кафедраи мустақил таъсис дода шуд. Вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дотсент Ҳабибуллоева М. (2010-2013), дотсент Тиллохоҷаева М. (2013-2017)ва дотсент Ҳакимова Ш. (2017 то инҷониб) иҷро карданд. Ҳайати штатии кафедра аз нӯҳ нафар иборат мебошанд.

Абдуқодиров А. - номзади улуми суханшиносӣ, профессор, дот-сентон - Ҳабибуллоева М., Аҳмадов М., Тиллохоҷаева М., Пӯлодова Ш., Ҳакимова Ш., муаллимон Каримова Д., Бобоева И., Бобоҷонова М. кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаъолияти кафедраро самаранок ба роҳ монда раванди таълиму тадрисро ба талаботи Стандарти давлатӣ мутобиқ гардонанд.

Профессор Абдуқодиров А. дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикию услубии назми Мирзо Турсунзода» (1974), дотсент Ҳабибуллоева М. доир ба мавзӯи «Принсипҳои таҳлили текстологии асари бадеӣ» (1998), дотсент Аҳмадов М. дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикографии луғати тафсирии устод Садриддин Айнӣ» (2002), дотсент Тиллохоҷаева М. дар мавзӯи «Феълҳои сермаъно дар луғати нимтафсилии Садриддин Айнӣ» (2009), дотсент Пӯлодова Ш. дар мавзӯи «Санъати таҷнис ва хусусиятҳои он дар назми классикии форсу тоҷик» (2008), дотсент Абдурашидова У. “Мухтассоти жанрӣ ва услубии осори манзуми Гулрухсор” (2012), дотсент Ҳакимова Ш. “Муродифоти луғавӣ дар назми Лоиқ Шералӣ” (2012) рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Аъзоёни кафедра мутобиқи нақшаи дурнамои илмӣ иҷрои бар-номаи илмиро барои солҳои 2016-2020ба роҳ монда, мақола ва асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ таълиф намуда истодаанд. Масалан, соли 2018 китоби дотсент Аҳмадов М. «Таълими адабиёти тоҷик» дар ду ҷилд бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси китоби дарсӣ барои муассисаҳои олии касбӣ тавсия карда шудааст. Инчунин, аз тарафи профессори кафедра китоби тозанащр бо номи «Пешвои миллат ва сиёсати забон» (Хуҷанд: Ношир, 2017.-360 с.) аз чоп баромад.

Дар кафедра семинари илмӣ-назарӣ ва методии устодон ва маҳфили илмии донишҷӯён - «Омӯзгор» фаъолият мебарад, ки ҳар сол мақолаҳои дар ин маҳфилҳо ироашудаи устодони ҷавон, магистрантон, донишҷӯён дар китоби маҷмӯаи мақолаҳои «Уфуқи андеша», ки аз тарафи кафедра чоп карда мешавад, дохил мегардад. Барои фаъолияти пурсамари семенари илмӣ-назариявии кафедра, ҷалби устодону олимони ҷавон ва корҳои илмӣ тадқиқотӣ, муҳокима ва баррасии натиҷаҳои рисолаҳои илмии олимони ҷавон, инчунин бахшида ба Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи илми тоҷик бо ифтихорнома сарфароз гардид.

Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ҳамкории худро бо шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва устодони пешқадами мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ вусъат дода, дар густариши роҳу усулҳои нави таълим ҳиссагузорӣ менамояд.

Устодони кафедра мунтазам дар конфронсу семинарҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву донишгоҳӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.

Соли 2017 дар озмуни кафедраи «Беҳтарин», ки аз тарафи раёсати Донишгоҳ ташкил карда шуда буд, ҷойи аввал насиби кафедра гардид.

Ҳамчунин, барои беҳдошти сифати таълим, корбасти навгониҳои илмию методӣ, усулҳои фаъолу муосир ва такмили технологияи раванди таълим, комёбиҳо дар ҷодаи баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ, ташаккули дараҷаи фаъолнокии донишҷӯён ва барои иштироки фаъолона дар озмуни умумидонишгоҳии «Рушди сифати тасилот» ҳамчун ғолиби ҷойи дуюм дар бахши фанҳои гуманитарӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

Аз тарафи устодони кафедра ҳар сол дарсҳои кушод гузаронида мешавад.