Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

Телефон для справки

Дар таърихи факултет кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ сараввал соли 1986-1987 таъсис ёфта, сониян ба дигар кафедра пайваст гардид. Минбаъд бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5/5-247 аз 22.01.2016 кафедраи методикаи таълим дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабул гардид. Дар асоси ин қарор кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар назди гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.

Кафедраи мазкур, ки ба он устодону омӯзгорони варзидаи факултет ба монанди дотсент Бойматов А.Б., дотсент Абдуллоева М.А.,сармуаллимон Қурбонова Н.Х., Очилова М.А., муаллимони ҷавони умедбахш Раҳимова Т.Р., Деҳқонова О.К. ва Саъдиева Н.Ф. аъзо мебошанд, бо сарварии мудири кафедра дотсент Ҳошимова Н.М. саҳми худро дар рушду нумӯи илми методика гузошта истодаанд.