Кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ
Управляющий кафедрой
Телефон для справки
Кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ соли 1938 ташкил ёфта, то соли 1941 ба таркиби сохторҳои дигари донишгоҳ дохил мешуд. Соли 1941 кафедра номи «Кафедраи адабиёти рус ва умумӣ»-ро гирифт. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кафедра сохтори мустақилро ташкил медод. Он солҳо сарвари кафедра доктори илмҳои филологӣ, профессор, муаллифи китобҳои маълуми дарсӣ ва тадқиқотҳои илмӣ оид ба адабиёти руси асри ХХ А.А.Волков буд. Дар солҳои аввали пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кафедра олимон М.А. Винокур, Л.С. Камионский, Г.И. Азовсев, И.В. Пластинкин, А.Н. Раҳматуллоев, Н.С. Иванов, В.Г. Кашеева ва дигарон фаъолият мебурданд.
Дар солҳои гуногун дар кафедра профессорону дотсентон М.И. Стаменова, Н.Н. Ростовсева, Б.А. Ҳочибоева кор мекарданд. Онњо баъдтар ба кафедраи услуби таълими забон ва адабиёти рус гузаштанд. Охири солҳои 80-уми асри ХХ ва аввали солҳои 90-ум дар кафедра олимони шинохта, ҳоло доктори илмҳои филологӣ, профессор, ноибректор оид ба корҳои илми донишгоҳ Хоҷаева М.Ю. фаъолияти илмию педагогии худро оғоз кардааст. Дар солҳои гуногун сарварии кафедра ба дўши олимон Я.М. Вайнберг, Н.С. Иванов, Е.М. Вал, А.А. Волков, Г.И. Дзовсев, М.И. Стаменов, С.З. Красик, А.З. Дун, М.А. Оголева, А.Р. Гейзер, Шарипов В.А. гузошта буд. Аз соли 2008 ба он дотсент Ёрова С.Н. сарварӣ мекунад. Дар кафедра солҳои 60-уми асри асри ХХ профессорону дотсентон А.З. Дун, С.З. Карасик, Л.А. Шорникова, Д.М. Пронин, Л.М. Мазунин, Т.П. Дудина ва муаллимони калон Оголева М.А., Писарева, Т.Е., Соломахина Г.С., Панова Н.К., Рязансева Н.Н., Хоҷаева Д.А., Хайруллина Р.Р., Кулюкина Е.Л. ва дигарон фаъолият бурдаанд. Устодони имрўзаи кафедра дотсентон Ёрова С.Н., Шарипов В.А. ва Атамова С.М., сармуаллимон Юнусова Г.С., Эшонова М.А., Бойтемиров Р.М., муаллимон Нуждина С.А., Шарипова М.М. ва Чумаева М.М. мебошанд.
Бо таърихи кафедра номи адабиётшиносони машҳури шўравӣ, профессор Волков А.А. зич алоқаманд аст. Асарҳои дотсент Мазунин А.И., хусусан, тадқиқоти илмии ў «Повесть о боярқне Морозовой» дар марказҳои илмии ҷумҳурии собиқ ИÆШС маълум ва машҳур гашта, дар хориҷа низ тарҷума шуда буд. Профессор Дун А.З. зиёда аз 250 асари илмии худро ба таърихи адабиёти рус ва украин, алоқаҳои адабиёти тоҷик ва украин бахшидааст. Натиҷаҳои илмии ў борҳо аз минбарҳои конфронсҳои умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ садо дода, дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Киев ва давлатҳои хориҷи дур чоп шудаанд. Дар чанд конфронсҳои байналхалқӣ ва симпозиумҳо дотсентон Ёрова С.Н. ва Шарипов В.А. низ иштирок кардаанд. Самтҳои асосии фаъолияти илмии кафедраро проблемаҳои алоқаи адабиёт, забони асарҳои бадеӣ, поэтика, алоқаи забон ва адабиёти рус ташкил медиҳанд. Асарҳои илмии устодони кафедра, ки ба муаамоҳои мазкур бахшида шуда буданд, дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Киев ва Душанбе ба чоп расидаанд. Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии олимони кафедра дар маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмию методии «Русский язык и литература в таджикской школе», «Русская литература», «Филологические науки», «Ученые записки» нашр гардидаанд.
Кафедра ба инкишоф додани алоқаҳои ҳамаҷониба бо мактабҳои миёна, баланд бардоштани сифати корҳои илмию тадқиқотии донишҷўён, корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятии онҳо, ба ташвиқи хондани асарҳои нави илмӣ ва методӣ дар байни донишҷўён аҳамияти калон медиҳад.