Кафедраи забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он

Телефон для справки

Кафедраи забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он баъди якҷоя шудани факултетҳои филологияи рус ва филологияи ӯзбек аз 24 сентябри соли 2012 кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он ташкил гардид. Сарварии кафедраро аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи апрели соли 2013 профессор А. Абдуқодиров, аз моҳи апрели соли 2013 дотсент Т. Турдибоев, сипас Э. Эшмуродов то моҳи августи 2016 ва санаи 18 августи 2016 то соли 2018 дотсент Б. Ҷабборов ба уҳда дошт.


Бо баробари густариш ёфтани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон теъдоди донишҷӯёни ӯзбек дар факултет зиёд шуданд ва зарурати ба ду ҳисса тақсим кардани кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он ба вуҷуд омад. Ин кафедра ба кафедраҳои забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он тақсим гашт.

Дар айни замон, дар кафедра 6 нафар устод фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, 1 нафар профессор – Абдувалӣ Бердиалиев, номзадҳои илми филология, дотсентон – Эралӣ Шералиев, Тоҳир Ҳасанович Турдибоев, Абдуназар Уролович Раҳмонқулов, Баҳром Абдурасулович Ҷабборов ва коргузор Наргиза Шарифовна Раҳимова фаъолият мебаранд. Кафедра фаъолияти илмии худро дар асоси тадқиқи синхронӣ-муқоисавии забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ ташкил кардааст. Олимони кафедра профессор А. Бердиалиев, Э. Шералиев ва дигарон мунтазам дар ҳамоиш ва анҷуманҳои байналхалқӣ иштирок мекунанд.

Хабархо нест!