Кафедраи забони олмонӣ

Телефон для справки

Кафедраи забони олмонӣ соли 1965 таъсис ёфтааст ва дар ин кор муаллимони аввалини кафедра Бирюков В.А., Коситсина И.Ф., Рехина М.В., Гуляйхин Н.В., Лашенко Л.В., Смагина Р.И. ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд. Дар солҳои 1970-80 фаъолияти аҳли ҷомеаи кафедра ба баланд бардоштани самаранокии ҷараёни таълиму тарбия, татбиқи технологияи пешқадами омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ барои гурӯҳҳои миллӣ, ба тартиб додани комплексҳои таълимӣ-методӣ, ҷамъ кардан ва самаранок истифода кардани адабиёти таълимӣ-методӣ ва бадеӣ, ҷорӣ кардани васоити техникӣ ба ҷараёни таълим нигаронида шуда буд. Дар ин солҳо нерӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра низ афзуд: устодони кафедра Маргарян А.А. (солҳои 1971-74), Бирюков В.А. (1972-75) ва Шарипов А.Ш. (1980-83) дар аспирантураи Донишкадаи Давлатии Педагогии забонҳои хориҷии ба номи Морис Торези шаҳри Москва (ҳоло Донишгоҳи Давлатии Лингвистии Москва) таҳсил намуданд ва рисолаҳои номзадии худро бомуваффакият дифоъ намуданд. Онҳо чун аввалин олимони соҳаи забоншиносии олмонӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.


Аз давраи ташкилёбиаш кафедраи мазкурро устодони кафедра Коситсина И.Ф. (1966-1971), Юстус С.А. (1971-1973), Нурмагамбетов Е.Н. (1973-1975), Лащенко Л.В. (1975-1976), Бирюков В.А. (1965-1966; 1976-1986), Шарипов А.Ш. (1986-2008), Сулаймонова М.А. (2008-2013) роҳбарӣ намудаанд ва дар ин рӯзҳо Саидов М.М. (аз апрели 2013 то инҷониб) мудири кафедра мебошад. Дар солҳои охир аъзоёни кафедра ба монанди дотсент Сулаймонова М.А., сармуаллимон Саидов М.М., Ғафорова Ф.А., Ахмедова З.Д., Ғафорова М.Х., Олимова Ф.А. курсҳои такмили забони олмонӣ ва усули таълими онро дар марказҳои Институти ба номи Гёте-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон гузаштаанд. Дар тӯли чанд соли охир кафедраи забони олмонӣ ба воситаи Идораи мубодилаи кормандони илмии Олмон (ДААД) бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Олмон – Институти ба номи Ҳердери Донишгоҳои Лейпсиг, Донишгоҳи Йэна ба номи Фридрих Шиллер, Донишгоҳи Берлин ба номи Ҳумболдт, Донишгоҳи Дуисбург-Эссен робитаҳои илмиро ба роҳ мондааст. Аз аввали солҳои 90-и асри гузашта кафедраи забони олмонӣ бо сафоратхонаи Олмон дар шаҳри Душанбе ва бо Донишгоҳҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон робитаҳои зичи илмӣ ва корӣ дорад. Ба туфайли ин ҳамкорӣ ҳар сол 3-4 донишҷӯи соли хониши 3 ва 4 дар донишгоҳҳои Олмон аз 1 то 5 моҳ барои сайқал додани донишҳои забони худ ва инчунин шинос шудан бо тарзи ҳаёт ва фарҳанги халқи Олмон, бо шаҳру марказҳои фарҳангии ин кишвар имкониятҳои васеъ пайдо карданд.