Кафедраи ҳуқуқшиносӣ
Управляющий кафедрой
Телефон для справки
Соли 1996 бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДХ ба номи академик Б.Щафуров шӯъбаи ҳуқуқ ва тиҷорати байналхалқӣ таъсис ёфт, ки он ба сохтори факултети таърих ворид карда шуд.
Шӯъбаи мазкур соли 1998 ба факултети ҳуқуқшиносӣ табдил дода шуда, тайи солҳои 1997-2008 аз рӯи 3 ихтисос: а) ҳуқуқшинос, б) коргузори гумрук, в) ҳуқуқшинос-омӯзгор мутахассис тайёр мекард.
Соли 2007 дар ДДХ ба нақшаи таълимии факултети ҳуқуқшиносӣ ихтисоси ҳуқуқшинос-омӯзгор ворид гардид. Факултет тавассути 5 кафедра-илмҳои давлатшиносию ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ ва граҷданӣ, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, забонҳо ва фанҳои ҷамъиятӣ ва кафедраи навтаъсиси коргузори гумрук мутахассис тайёр мекард.
Ба таълиму тарбияи шогирдон 62 нафар олимону омӯзгорон, аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодиёти, профессор А. Эргашев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Х. Сангинов, номзади илмҳои фалсафа И. Қосимов, Ҳ. Самадов, А.Х. Пӯлотов, З. Усмонова, номзади илмҳои филологӣ А. Зоҳидов, М. Каримова, номзади илмҳои биология Э. Иброҳимов, номзади илмҳои иқтисодӣ М. Пӯлотов, 9 нафар муаллимони калон ва 12 нафар муаллими ҷавон машщул буданд.
Дар факултет 5 кабинети фаннӣ, 2 лабораторияи криминалистӣ ҷиҳозонида шуда, ба китобхонаи махсуси факултет асос гузошта шуд.
Соли 2008 факултетҳои таърих ва ҳуқуқшиносӣ муттаҳид карда шуда, факултети таърих ва ҳуқуқ таъсис ёфт, ки кафедраҳои фанҳои ҳуқуқи моддӣ-мурофиавӣ ва илмҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ муттаҳид карда шуда, кафедраи фанҳои давлатӣ –ҳуқуқӣ ташкил карда шуд.
Аз соли 1996-2007 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Самадов Ҳ.С., 2007-2008 муаллимаи калдон Самадова Д.О. ва солхои 2008-2015 номзади илмҳои фалсафа, дотсент И.У. Қосимов ба уҳда доштанд.
Аз моҳи ноябри соли 2015 тибқи қарори Шўрои олимони Донишгоҳ кафедра «ҳуқуқшиносӣ» номгузорӣ карда шуд.
Аз соли 2015 сар карда мудирии ин кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент И.Р.Ҷабборов иҷро намудааст. Ва аз моҳи августи соли 2018 бошад то имруз ин ваколаатро номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент К.Т. Мухторов ба ўҳда дорад.
Дар тўли фаъолияти кафедра дастпарварони он Ш.Кенҷаев, Ғ. Санавваров, О.Юнусова рисолаи номзадиро дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ, И.Ҷабборов, А.Бобоев дар соҳаи илмҳои таърих, Н.Ҷалолов, Х.Пўлотова дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва Н.Тагиров дар риштаи илмҳои педагогӣ дифоъ намуданд.
Ҳоло дар кафедра профессорон Т.Почомуллев, Муҳаммадизода И. Раҳматуллоев А.Э., дотсентон К.Мухторов, И.Ҷабборов, А.Бобоев, Муҳиддинов А., Мирзоахмедов М., Воситов Ҳ., муаллимони калон Д. Самадова, Н. Шукуров, М. Шарипова, Бобоҷонова С., муаллимон Шариповв П., Р. Ғиёсова, Абдухалилов Д., Думаева А., Шарифмуродова Г., Раҷабов Ф., ва Ҳамроқулов Ф. фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотиро тибқи барномаи корҳои илмӣ аз рўи мавзўи «Рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст.
Тайи 5 соли охир аз ҷониби олимони кафедра Киромиддин Мухторов, Иброҳим Ҷабборов, Абдуҷаббор Раҳматуллоев, Алишер Муҳиддинов, Нуралӣ Шукуров, Дониёр Абдухалилов ва Фарҳодҷон Раҷабов зиёда аз 18 асарҳои илмӣ, 12 дастурҳои таълимӣ-методӣ ва 4 дастурҳои тарбиявӣ аз чоп баромадааанд.
Имрўз устодони кафедра дар факултети таърих ва ҳуқуқ барои донишҷўёни ихтисоси таърих ва ҳуқуқ аз фанҳои ҳуқуқӣ ва барои дигар ихтисосҳои донишгоҳ фанни ҳуқуқ аз рўи ихтисосро таълим дода, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми сазовори худро гузошта истодаанд.