Кафедраи забони англисӣ

Телефон для справки

Кафедраи забони англисӣ аз соли 2011 дар назди факултети забонҳои шарқ таъсис ёфт. Кафедраи мазкур аз таркиби кафедраи забони хориҷии фанҳои гуманитарӣ ба вуҷуд омад. Вазифаи мудири кафедраро аз соли 2005 то 2011 сармуаллима Н.Тошматова, аз соли 2011 то соли 2012 дотсент Р.Ибрагимова аз моҳи августи соли 2012 то соли 2015 сармуаллим Т.Ҳодибоев ва аз соли 2015 ин ҷониб дотсент Д.Рашидова бар уҳда дорад.


Ҳоло дар кафедра дотсент Д.Рашидова, сармуаллимон- Н.Тошматова, Т.Ҳодибоев, Р.Содиқова, Р.Аминҷонова, С.Самадова, М.Юлдошева муаллимон – П.Ризоева, П. Бобокалонова, Б.Ашрапов, А.Ҳодибоева, М. Каримова, Н.Мамадҷонова, Г.Тӯраева ва Ш.Каримзода фаъолият мебаранд. Устодони кафедра барои таълими забони англисӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои арабӣ-англисӣ, форсӣ-англисӣ, хитойӣ-англисӣ заҳмат мекашанд. Асарҳои устодони кафедра дар намуди мақолаҳову монографияҳо ва дастурҳои таълимию методӣ ба нашр расидаанд. Устодони кафедра барои такмили ихтисоси худ дар барномаи МЕНТОР, ки аз тарафи Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, фаъолона ширкат меварзанд.