Кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим

Телефон для справки

Кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим. Соли 1967 нахустин бор аз рўи ихтисоси нақшакашӣ, расмкашӣ ва таълими меҳнат ба донишгоҳ донишҷўён қабул карда шуданд. Моҳи сентябри соли 1968 кафедраи нақшакашӣ ва расмкашӣ дар ҳайати 5 нафар муаллим (Д. Умаров, У. Аҳмадхўҷаев, А. Мазунин, Б. Геза, Белоусова), 3 нафар кормандони ёрирасони таълимӣ (Р. Аҳмадов, Р. Алиев, А. Запускалова) таъсис дода шуд. Мудирии кафедраро Д. Умаров ба зимма дошт.

Аз моҳи октябри соли 1971 то сентябри соли 1974 кафедраро А.И.Мазунин сарвварӣ намуд. Кафедра аз моҳи сентябри соли 1974 ба 2 кафедраи мустақил: нақшакашӣ ва расмкашӣ тақсим шуд. Мудирии кафедраи нақшакашӣ ба зиммаи дотсент В.Н.Евсюков гузошта шуд. Соли 1975 У. Аҳмадхўҷаев сармуаллими кафедра таъин шуд. Дар давраи роҳбарии У. Аҳмадхўҷаев кафедра дорои синфхонаю лабораторияҳои бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонидашуда гардид. Муаллимони варзида Д.У.Умаров ва У. Аҳмадхўҷаев, инчунин устодони факултет С. Олов, О. Ѓозиев, Ю. Юсупов, К. Ҷўраев, Н.А. Руденко, Х. Холматов, С.Г. Вишнякова, О. Исломов, Л.А. Прошина, Т. Раҷабов, М. Қодирова Ф. Яҳёев, А.Эргашев ва дигарон дар тартиб додани барномаю дастурҳои методӣ саҳми арзанда гузоштанд. Алҳол дар кафедра доктори илмҳои педагогӣ профессор Исломов О., профессор Ҷўраев К., 3 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсентон (С. Олов, Раҳимов У, Турсунов С.), 5 нафар сармуаллим (Юсупов Ю, Раҷабов Т, Яҳёев Ф.) ва чор нафар муаллим (Азизов Ш. ва Мирзобоев З. Бобоева Ш., Алимобоева Н, се нафар коргузори кафедра (Сатторова Ф., Акилова М., Шокирова Ш.) фаъолият бурда истодаанд. Хизмати устодони кафедра дар оро додани донишгоҳ, гузаронидани конфронсҳои илмӣ – амалӣ, корҳои ҷамъиятӣ назаррас аст.


Соли 2003 назди Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав ба номи В.И.Ленин устоди кафедра О. Исломов рисолаи доктории худро оиди «Назария ва амалияи ташаккули қобилияти эҷодии муаллимони ояндаи фанҳои графиқӣ» бомуваффақият ҳимоя намуд. Натиҷањои тадқиқоти илмию методии устодон Д. Умаров, У. Аҳмадхўҷаев, С. Олов, О. Исломов, К. Ҷўраев ва М. Қодирова дар ҷараёни таълим пурмаҳсул истифода бурда мешавад. Аз тарафи устоди кафедра О. Исломов асарҳои илмии «Назария ва амалияи муносибати эҷодии муаллимони ояндаи фанҳои графикӣ», «Тасвири бисёррўяҳои мунтазам», корҳои мустақилонаи донишҷўён ва ғайра таълиф ёфтаанд. Устоди кафедра К. Ҷўраев дастури «Услуби нақшакашӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ» ва «Методикаи таълими ҳунарҳои халқӣ» - ро ба нашр расонид, ки донишомўзон аз он васеъ истифода бурда истодаанд.

Устодон С. Олов ва Ю. Юсупов таълифи қисми дуюми «Дастури методӣ аз ҳандасаи тасвирӣ» ва китоби дарсии «Геометрияи тасвирӣ»-ро ба итмом расониданд. Равияи дигари фаъолияти кафедраро таълими фанҳои ихтисоси дизайни графикӣ ташкил медињад. Кафедра дорои толори графикаи компутерӣ ва дизайн, 2 лабораторияи наќшакашӣ ва 3 синфхонаи муҷаҳҳазгардонидаи тахассусӣ мебошад. Дар пешрафти кори кафедра солҳои гуногун муаллимон И. Нагибина, Р.Ким, Н, Шафигулина, М. Абдуллоев, И. Турсуналиев ҳиссаи худро гузоштанд. Хамчунин фаъолияти кафедраро бидуни хидматҳои софдилонаи лаборантон В. Ли, Л. Емилянова, Л. Гранкина, М. Музаффарова, М. Бегматова, Б. Умаралиев, С. Шарипова, Ф. Сатторова тасаввур кардан амри маҳол аст. Солҳои пешин вазифаи мудирии кафедраро н.и.п., дотсентон К. Ҷўраев, С. Олов ва аз соли 2015 доктори илмҳои педагогӣ профессор О. Исломов ба ўҳда доранд.