Кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он
Управляющий кафедрой
Телефон для справки
Кафедраи химия моҳи сентябри соли 1934 дар натиҷаи ҷудошавӣ аз кафедраи химия ва биология, ки моҳи январи соли 1933 таъсис ёфта буд, бо ташаббуси и.в. профессор Диброва А.А. ташкил гардид. Профессор Диброва А.А. то тирамоҳи соли 1945 сарварии кафедраро ба зимма дошт. Солҳои аввал дар кафедра 3 нафар корманд бо фаъолият машѓул буданд: мудири кафедра Диброва А.А., як лаборант ва як ташреҳгар. Соли 1936 дар ҳаёти кафедра соли хотирмон буд, зеро аввалин мутахассисони соҳаҳои химия ва биология Донишкадаро хатм намуданд. Ҳамон сол хатмкардагони болаёқат Осимов З.С. ва Атаев А.А дар кафедраи химия ва биология ба кор пазируфта шуданд. Тирамоҳи соли 1939 кафедраи химия ба ду кафедраи мустақил: кафедраи химияи умумию ғайриорганикӣ ва кафедраи химияи органикӣ ҷудо карда шуд. Тирамоҳи соли 1940 ин ду кафедра аз нав ҳамчун кафедраи химия муттаҳид гардид. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ омўзгорони кафедра Ализода М.А. Осимов З.С., Раупов Б.Н., Мавзутов Р. ва дигарон барои ҳимояи Ватан ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд. Ба кафедра солҳои 1952-56 – Сулаймонов А.С., 1956-63 – Ализода М. А., 1963-73 – Қосимов Ҳ.Қ., 1973-75 – Каримов Р.К., 1975-80 – Муҳиддинов М., 1980-93 – Ҳакимхўҷаев Н., 1993-95 –Охунов Р. роҳбарӣ намудаанд.
Соли 1996 кафедраи химия аз нав ба ду кафедраи мустақил: химияи умумӣ ва методикаи таълими он ва кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ ҷудо карда шуд. Сарварии кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими онро солҳои 1996–1999 дотсент Охунов Р., солҳои 1999–2004 дотсент Ҳакимхӯҷаев Н. бар зимма доштанд ва аз соли 2004 то нимаи дувуми соли 2012 профессор Охунов Р. бар дӯш дошт. Алҳол мудири кафедра номзади илмҳои педагогика Ахмедова З.С. мебошад. Имрўз дар кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он мутахассисони соҳибунвон ва соҳибтаҷриба, мисли номзадҳои илмҳои химия, дотсентон Сабуров М.И., Насриддинов Ҳ.М., Қобилов Н. (ҳамчун муштараквазифа), номзади илмҳои педагогика, дотсент Ахмедова З.С. ва номзади илмҳои химия, сармуаллима Ҷўлиева Г.Ҳ., сармуаллима Охунова У.Р. фаъолият доранд. Қобили таъкид аст, ки аъзоёни кафедра фаъолияти таълимиву тарбиявиро дар ҷамъбастъ бо таҳқиқоти илмӣ-методӣ пеш мебаранд. Гузашта аз ин, имрўз омўзгорони кафедра бо корҳои методӣ машғуланд ва аз тарафи онҳо якчанд раҳнамои таълим ва дастурҳои таълимию методӣ таҳия ва нашр гардидааст.