Кафедраи назария ва методикаи тарбияи томатабӣ

Телефон для справки

Кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ аз якуми сентябри соли 2019 фаъолияти худро оғоз намуд. Дар кафедра зиёда аз 23 номгӯи фанҳо таълим дода мешаванд, ки то замони фаъолияти кафедра фанҳои таълимии кафедра дар феҳрасти фанҳои кафедраи назария ва методикаи забони модарӣ арзи вуҷуд дошт.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии кафедра дотсентон Назаров Акбар Раҳмонович, Эгамбердиева Муқаддас Холиқовна, Рӯзиева Мавлуда Давроновна, муаллимон Саидов Фаридун Мирусмонович, Собирова Назира Солиҷоновна, Абдулфайзов Абдураҳимхон Абдураҳмонович фаъолият бурда истодаанд. Вазифаи мудири кафедраро дотсент Азимова Машҳурахон Ҳоҷиевна ба ӯҳда дорад.

Дар кафедра се маҳфили илмиву тарбиявии донишҷӯён бо ном “Каломи модарӣ”, “Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз” ва “Ғунчаҳои умед” фаъолияташро оғоз кард.