​Вохўрии се насл дар факултети санъат

Санаи 4-уми ноябр дар факултети санъат маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Вохӯрии се насл» бо намояндагони се насли аҳли санъат – рассомон, ҳайкалтарошон, сарояндаву навозандагони машҳур, актёрон, ки замоне дар факултети санъат фаъолият доштанд, хатмкардаи факултети мазкур ташкил ва баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири шуъбаи тарбия дотсент Шомирзоев Бахтиёр, меҳмонон, Ҳунарманди халқии Ҷуҳурии Тоҷикистон – Ҷӯрабек Набиев, собиқ хатмкардагони факултет, устодон ва донишҷӯёни факултети санъат ҳузур доштанд.

Сараввал меҳмонон аз намоиши асарҳои рассомӣ, китобҳои тозанашр дидан намуда, аз навозиши зиндаи дастпарварони факултет ҳаловат бурданд.

Маҳфилро декани факултет дотсент Шарипова Гулчеҳра ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро ба даргоҳи факултет хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, Шомирзоев Бахтиёр аҳли нишастро бо ҷашнҳои ҳумоюни 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии донишгоҳи азизамон таҳният гуфта, саҳми устодони факултети санъатро дар рушди фарҳанги миллӣ таъкид намуданд.

Риштаи сухан ба Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷӯраев Ғафурҷон Ҳоҷиевич дода шуда, номбурда иҷмолан аз таърихи факултети санъат, саҳми устодон дар таъсиси ин боргоҳ, аз ҷумла хизматҳои щодравон, профессор Ҳакимов Наим Ғаниевичро қайд намуданд. Баъдан дотсент Аминҷонов Раҳимҷон Неъматович ба сухан баромада, саҳми устодони собиқадор, чеҳраҳои шинохтаи аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ - Боймуҳаммад Ниёзов, Шарофиддин Сайфиддинов, Юсуфҷон Бобоҷонов, Абдувалӣ Абдурашидов, Мирзофирӯз Сулаймонов, Ҳакимов Наим Ғаниевич ва дигаронро дар рушди санъати миллӣ қайд карда гузаштанд.

Дар идомаи кори маҳфил иштирокдор ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз факултети санъат – Кенҷаев Шӯҳрат (омӯзгори кафедраи мусиқии суннатии тоҷик, ишғоли ҷойи 1-ум аз рӯи номинатсияи бастакорӣ), Муродова Оиша (хатмкардаи факулети санъат, ишғоли ҷои аввал аз рӯи номинатсияи навозандагӣ), Олимов Муҳаммадҷон (донишҷуйи курси 3-юми ихтисоси сурудхонӣ, ишғоли ҷои 2-юм аз рӯи номинатсияи навозандагӣ) қадршиносӣ карда шуданд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҳунарманди халқии Тоҷикистон – Ҷӯрабек Набиев таҳсилкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, айни ҳол ба ҳайси профессори факултети санъат буда, ба устодон аз нозукиҳои санъати миллии Шашмақом дарс мегӯянд.

Дар рафти маҳфил хатмкардагони собиқи факулети санъат, ки айни ҳол ситорагони санъати вилояти Суғд ба шумор мераванд – Гуласал Пӯлотова, Донишманд Қутбиддинов, Шерози Камол аз хотираҳои донишҷӯӣ ёдовар шуда, бо сурудҳои дилангезашон аҳли нишастро муборакбодӣ намуданд.

Қироати шеърҳо дар вафи Ватан дар иҷрои донишҷуёни ихтисоси санъати актёрӣ ҷолиби диққат буд. Донишҷӯёни ихтисоси санъати мусиқӣ бо роҳбарии дирижёр Самадова Мунира ва консертмейстер Егана Аскарова хори умумӣ таҳти унвони «Ҷашни шодмон»-ро иҷро намуданд. Сипас донишҷӯи курси чоруми ихтисоси мазкур Алиматов Руслан бо ҳамроҳии сармуаллим Аскарова Е. навозиши «Резаборон»-ро ба самъи ҳозирон расониданд.

Аз ҷониби профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ Алиев Умар Раҷаббоевич дар иҷрои донишҷуёни ихтисоси санъати актёрӣ саҳнаи тарбиявӣ аз рӯи асар Султон Сафаров «Пайроҳаи зиндагӣ» намоиш дода шуд.

Суруди «Шодиёна» дар иҷрои сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Давлатов Бахтиёр ба тамошобинон пешкаш гардид.

Дар ҷамъбасти маҳфил суруди «Пешвои миллат» аз ҷониби сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Самариддинзода Сироҷиддин садо дод.Дар анҷом декани факултет Шарипова Г. ва Шомирзоев Б. таассуроти худро дар бобати маҳфил, ки хеле дар сатҳи хубу хотирмон баргузор гардид, иброз доштанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ