​Тоҷикистонро қисмат накунед!

Ҷомеаи солиму мутамаддин бо суботи сиёсиву устувории иқтисодӣ-иҷтимоӣ инъикосгари ҷараёни ҳамдилию ҳамдамии тамоми қишрҳост ва ин арзиши олӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бараъло мушоҳида мегардад. Мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз давлатдории муваффақонаи соҳибистиқлолӣ пайгири заҳмати созандаю бунёдкорӣ мебошанду тамоми миллату халқиятҳои кишвар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробарро таъминанд, ки кафолати суботу устувории ҷомеа маҳсуб меёбад.

Тӯдаи чоплусони наҳзатии ифротзада бо сардории Муҳиддин Кабирии муртад ба дастовардҳоиҷомеаи ваҳдатофарамон бо ҳасуду бахилӣ назар афканда аз алами бадтинативу дилсиёҳӣ нақшаи ноором сохтани онро мекашанд. Бо тарҳи хоҷагони аҷнабии маблағгузор ва ботини хиёнатпешагӣ палидони наҳзатӣ вақтҳои охир иғвою дасиса, фитнаи наверо пиёда карданианд, ки моҳияти он дар тафриқаандозӣ байни маҳалҳои ҷудогонаи кишвар иборат аст. Мақсади нопоки наҳзатиёни маккори разил дар коштани тухми маҳалгароӣ мебошад, ки дигар ҳеҷ гоҳ дар сарзамини мо неш намезанад.

Дасисабозони наҳзатӣ дараҷаҳои гуногуни пешрафти иқтисоди кишварро дар маҳалҳои мухталиф ба гуногунии дастгирии Ҳукумати кишвар нисбат медиҳанд ва таъкид менамоянд, ки дар Тоҷикистон давлатдорони расмӣ ба ҳар минтақаи кишвар муносибати ҳархела доранд. Мебояд қайд кард, ки ҳамаи ин гуфтор фиребу дурӯғи маҳз аст, ки ягон асос надорад. Гуногунии сатҳи иқтисодиёти минтақаҳо сирф ба омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, табиӣ ва даҳҳои дигар алоқаманд аст, ки мебояд таҳти таҳқиқухулосабардории мутахассисони касбӣ қарор гирифта бошад. Наход чаласаводони ифротгарои наҳзатӣ дар ин кор қодир бошанд?!

Рафтуои озодона, мубодилаи бемамониати соҳибкорон ва молу маҳсулот, муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо бунёди роҳҳои наву таъмини амният, танзими нарху навои захираҳо ва садҳо фашангҳоииқтисодӣ аллакай боиси аз байн рафтани маҳалгароӣ дар Тоҷикистон шудаасту дигармафҳумҳои “аз куҷоӣ” вуҷуд надорад. Вале, палидони наҳзатии балвогар мехоҳанд тухми низоъ коранд!? Ин бадбахтони хоини беватан намедонанд, ки ҳамаи қисматҳои ҳудудии Тоҷикистони соҳибистиқлол якдилу яксон сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ менамоянд. Дигар дар кишвар натанҳо маҳалгароӣ, балки миллатгароӣ нест ва нахоҳад шуд. Фарҳанги баланду тафаккури сиёсати нави мардум орӣ аз ин каҷбиниҳо асту баръакс ҳар шаҳрванд кӯшиши қаробат ба мардуми минтақаи дигарро доранд. Зеро, барои ҳамаи ҳамватанонамон суханҳои Пешвои муаззами ваҳдатофари миллат, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон ватани ҳамаи тоҷикистониён аст ва ҳама якҷояю якдил барои ободии он мекӯшем” шиори ҳамарӯза асту раҳнамо барои ҳаёт.

Наҳзатиёни худозадаро бошад, амалҳои тафриқаандозиашон балои сари худашон гардаду ҷакидани онҳо дар ҷомеаи мо асаре надорад. Зеро, “саг меҷакаду корвон роҳашро идома додан мегирад”.

Собиров Мурод Собитҷонович – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ