​Сабти дарси намунавии устодони соҳибтаҷриба

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми моҳи апрел сабти видеоии дарси се нафар устодони соҳибтаҷриба ба роҳ монда шуд. Аз шуъбаи идодоракунии сифати таҳсилот иттилоъ доданд, ки дар доираи ин ташаббус дарси намунавии дотсенти кафедраи географияи табиӣ Зайнутдинов Абдусамӣ аз фанни биогеография, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣШарипов Абдуҳаким аз фанни педагогика ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Шарипов Шавкат аз фанни бойгоншиносӣ сабт шуд.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сифати баланди системаи таълим роҳандозӣ гардид.

Устодонбо истифода аз методҳои муосири таълим ба донишҷӯён доир ба масъалаҳои муҳими фанҳои таълимӣ, аз қабили биогеографияи уқёнусу баҳрҳо ва сохтори биотии онҳо, педагогикаи ҳамкорӣ ҳамчун ҷавҳари педагогикаи навоварӣ, инчунин доир ба муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият маълумот доданд.

Машғулиятҳо дар шакли дарс – конференсия бо истифода аз роҳу усулҳои фаъоли таълим ва айёнияту муаррифӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси устодон дар аудиторияҳои таълимӣ – методии муҷаҳҳаз бо тахтаи электронӣ ва лавозимоти муосири техникӣ сурат гирифта, мавзуъҳои нав тавассути иҷрои машқҳои интерактивӣмустаҳкам карда шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки сабти дарси намунавии устодони соҳибтаҷриба дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи педагогӣ, маҳорати касбии устодони собиқадор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот роҳндозӣ шуда, дар назар аст, ки иқдоми мазкур то анҷоми соли таҳсил идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ