То ҷаҳон поянда бошад, сулҳ бодо дар Ватан

Ҳамасола дар кишвари азизамон 1-сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” бо тантана ва бо шаҳомат ҷашн гирифта шуда, дарси аввали соли хониш аз дарси сулҳ оғоз мегардад. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳои олии кишвар бо шукӯҳ “Рӯзи дониш” таҷлил гардида, аз оғози соли нави хониш мужда медиҳад. Иқдоме, киҳамасола хурду бузурги кишвар бесаброни интизор мешаванд, ин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатиРӯзи дониш ва сулҳ интизор мегарданд.

Дар утоқҳои 513,508,506-и факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, бо иштироки 48 нафар устодону кормандон ва 689 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни факултет, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатиРӯзи дониш ва сулҳро тавассути оинаи нилгун тамошо карданд.

Зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, киҳама пешрафту ободиҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои наврас самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии мамлакат ва азму иродаи созандаи сокинони пойтахт мебошад.

Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад.

Яъне, амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

Ҳангоми садо додани суханронииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус таваҷҷӯҳи худро бештар ба нуқтаҳои даргири Сарвари давлат равон сохтанд. Аз суханронии Сарвари давлат маълум гардид, ки дар олам ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст.Ҷавонони факултет суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дарси зиракиву сиёсӣ қабул намуда, минбаъд дар ҳаёту рӯзгори худ сармашқи худ хоҳанд кард.

Бояд зикр намуд, кидастоварди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистонҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолии Ватанамон сарчашма гирифтааст. Имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки онро зимни суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд ва онро аҳли нишасти толор бо қарсакҳои худ ҷонибдорӣ намуданд.

Мо - устодони МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҷавобан ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки бо дилу нияти нек, баҳри соҳиби илму ҳунар, донишу касбомӯзии донишҷӯёнва ба бозори меҳнат ворид намудани онҳо, вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида аз таҳти дил меҳнат менамоем.

Мо - устодону омӯзгорон бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, ифротишавии ҷомеа бо додани дониши амиқ мубориза барем. Барои ободиву сарсабзии Ватани азизамон ҳамеша кӯшиш заҳмати худро дареғ надорем ва ҳамеша дӯстори обу хоки сарзамини биҳиштии худ бошем.

Аҳли маориф, хонандагону донишҷӯён ва ҳамватанони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, инчунин, 33-солагии ҷашни бузурги истиқлоли давлатӣ, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо барори кор ва ба донишҷӯёну хонандагони кишвар саломативу хониши аъло орзу менамоям.


Вализода Шоирахон - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи педагогикаи иҷтмоӣ ва касбӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ