​Таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

Мулоқоти навбатӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон- омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ доир шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷамолзода Хушрӯз, декани факултети филологияи рус Раъно Шаропова, мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, намояндаи кор бо занон ва оила Истамбону Расулова ва мутахасиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мирзоҳафизиён Меҳрафкан иштирок намуданд.

Дар мулоқоти мазкур донишҷӯёни бахшҳои 1 ва 4-уми факултети филологияи рус ширкат намуданд.

Чунин мулоқот дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ