​Рӯдакӣ – вассоф ва таранумгари арзишҳои маънавӣ

Аз тарафи омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира дар мавзуи “Таълимоти иҷтимоӣ ва сиёсии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” дар факултети филологияи тоҷик бо донишҷӯёни гуруҳи 103 мизи мудаввар доир гардид.

Ташаббуси мазкур бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ сурат гирифта, дар доираи он доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир маърӯзаҳо ироа гардид.

Ҳамзамон, чунин ташаббус дар хобгоҳи №3 дар мавзуи “Рӯдакӣ – вассоф ва таранумгари арзишҳои маънавӣ” роҳандозӣ шуд.

Донишҷӯён аз осори Рӯдакӣ намунаҳо қироат намуда, доир ба хидмат ва саҳми ӯ дар рушди адабиёти классикии тоҷик табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ