​Тарбияи ватандӯстӣ - таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон- омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” мулоқот доир гардид. Ташаббуси мазкур дар доираи нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар кори он муовини ректор оид ба корҳои тарбия Маҳмудзода Бахтиёр, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, намояндагони кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мулоқоти мазкур бо ҷалби донишҷӯёни бахшҳои 1 ва 4-уми факултети иқтисодӣ доир гардид.

Ҳадаф аз ин ибтикор татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва сиёсати давлатии ҷавонон унвон мешавад.

Мулоқоти мазкур силсилавӣ буда, то нимаи дуюми моҳи октябр бо ҷалби донишҷӯёни тамоми факултетҳои донишгоҳ идома хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ