​ДДХ: Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардид

Шоири халқии Тоҷикистон Иноят Хоҷаева (Фарзона) бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардид.

Унвони Доктори фахрӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти № 2 тасдиқ гардида, дар доираи ҳамоиши илмӣ-амалии “Хуҷанд-гаҳвораи тамаддуни инсонӣ”, ки дар толори раёсати донишгоҳ баргузор гардид, супорида шуд.

Унвони Доктори фахрӣ ба Шоири халқии Тоҷикистон Иноят Хоҷаева, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Иноят Хоҷаева (Фарзона) барои саҳми арзанда дар рушди илму адабиёти миллӣ, тарбияи донишҷӯён, адибони ҷавон ва таъмини шуҳрати ҷаҳонии фарҳанги тоҷикон супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ