​Ташрифи намояндагони Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон”

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода намояндагони Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон”-ро, ки ҷиҳати иштирок дар маросими рӯнамоии китоби тозанашри “Гулчини адабиёти ӯзбек дар Тоҷикистон” ба донишгоҳ ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба робитаҳои халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори назар намуда, аз самараи ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳар ду кишвар таъкид намуд.

Зикр гардид, ки решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон устувор буд. Аз фитрати азалӣ ва хиради роҳбарони ин ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамакнун дар таърихи муносибати ҷонибҳо саҳифаи тоза ва таҳаввулоти наҷиб рӯйи кор омаданд, ки натиҷаи онро дар мисоли таҳкими равобити судманд дар соҳаҳои мухталиф метавон шоҳид гардид.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки барои мо, тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист” – афзуд ректори донишгоҳ.

Ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳкими равобити судманд пешниҳодоти муфид ироа намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бо донишгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Марказҳои бонуфузи илмии ин кишвар ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.

Дар доираи чунин ҳамкориҳои судманд дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултети филологияи ӯзбек таъсис дода шудааст, ки ҳоло донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои замони муосир таҳсили илм менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки намояндагони Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон” дар маросими рӯнамоии китоби тозанашри “Гулчини адабиёти ӯзбек дар Тоҷикистон”, ки давоми рӯз дар толори раёсати донишгоҳ доир мегардад, иштирок мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ