Маросими муаррифии муовини ректор оид ба корҳои тарбия
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии муовини ректор оид ба корҳои тарбия доир шуд.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳикматулло Саидзода фармоиши вазирро дар бораи таъин гардидани Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба самъи иштирокчиён расонд.
Маврид ба зикр аст, ки Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд номзади илмҳои педагогӣ, дотсент собиқаи 25 солаи корӣ дошта, то таъин гардидан ба вазифаи муовини ректор ба ҳайси мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ фаъолият дошт.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмудро ба муносибати таъин гардидан ба вазифаи тоза табрик гуфта, дар идомаи фаъолият дастовардҳои тоза таманно намуд.
P.s. Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмудро ҷиҳати таъин гардидан ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳният гуфта, дар иҷрои рисолати пурмасъул пирӯзиҳои тоза ва музаффариятҳои навин таманно дорем.
Маркази иттилоот ва таҳлил