​Ҷашни “Рӯзи тирамоҳ”

Бо ташаббуси кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ ба муносибати ҷашни “Рӯзи тирамоҳ”, ки дар фарҳанги Чин дар рӯзи 15-уми моҳи ҳаштуми тақвими қамарии Чин таҷлил мегардад, чорабинӣ доир шуд.

Дар доираи ин ташаббус бо иштироки омӯзгори институти Конфутсий Ши Гуюае оид ба хушнависӣ мастер-класс баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисӣ бо роҳбарии омӯзгори соҳибзабон, номзади илмҳои филологӣ Линг Ҷиен Э ширкат намуданд.

Дар чорабинӣ декани факултет дотсент Эҳсонзода Малоҳат, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Тӯраева Гулорохон ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Ҳадаф аз ин иқдом шинос намудани донишҷӯён бо фарҳанги Чин ва рушди малакаҳои хаттии онҳо унвон мешавад.

Ҳамзамон, дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯён бо забони чинӣ шеър қироат намуда, рақси чинӣ ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ